Аъзои Маҷлиси миллӣ ба пешниҳодҳои Президенти мамлакат ризоият доданд
ДУШАНБЕ, 19.03.2020/АМИТ «Ховар»/. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озод ва таъйин намудани муовини якум, муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар иҷлосияи бисту дуюми палатаи болоии Парлумони мамлакат, даъвати панҷум баррасӣ гардида, аъзои Маҷлиси миллӣ ризоият доданд.
Ҳамин тариқ дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ризоияти аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотам Назарзода аз вазифаи муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромадан, Муҳаммадиброҳим Осимзода аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ бинобар таъйин гардидан ба вазифаи прокурори шаҳри Ҳисор, Валӣ Ваҳобов аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ бинобар муовини прокурори вилояти Суғд таъйин гардиданаш, Сафаралӣ Мирзозода аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ-Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби муовини фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадӣ таъйин гардидан аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.
Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ризоияти аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Ҳикуматуллозода ба вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилшод Талбакзода ва Мирзоамон Рофизода ба вазифаи муовинони Прокурори генералӣ ва Икром Зоирзода ба вазифаи муовини Прокурори генералӣ-Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






