Барои пешгирии хавфҳои берунӣ ба иқтисодиёти миллӣ 11,3 млн. доллар ҷудо карда мешавад

Март 21, 2020 11:30

ДУШАНБЕ, 21.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хабар дод, ки барои пешгирии хавфҳои берунӣ ба иқтисодиёти миллӣ 11,3 млн. доллар ҷудо карда мешавад. Ин иттилоъ 19 март дар шаҳри Душанбе зимни  мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба рушд, аз ҷумла намояндагони СММ, Барномаи рушди СММ, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, САҲА, Агентии рушди байналмилалии ИМА ва дигарон, ки  оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии берунӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор гардид, дода шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зикр гардид, ки пастшавии нархи ҷаҳонии нафт, коҳиши қурби асъор ва паҳншавии пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти аксарияти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла шарикони тиҷоратии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонид. Вобаста ба ин, дар Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии берунӣ ба иқтисоди миллӣ иборат аз якчанд тадбирҳои таъхирнопазир таҳия гардида, мавриди амал қарор дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки Нақшаи мазкур чорабиниҳоро дар самти таъмини устувории макроиқтисодӣ, иҷрои босифати буҷети давлатӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои он, пардохти пурраи уҳдадориҳои иҷтимоӣ, бо ҷалби сармоягузориҳои давлативу мустақим сохта ба истифода додани коргоҳ ва корхонаҳои нави саноатӣ, истифодаи самараноки замин, зиёд намудани истеҳсол ва захираи маҳсулоти асосии мавриди ниёзи аввал ва таъмини бозор бо маҳсулоти озуқа пешбинӣ менамояд.

Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба рушд нақшаи чорабинии зикршударо ҷонибдорӣ намуда, омодагии худро барои дастгирии татбиқи чорабиниҳои дар он дарҷгардида баён дошт.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати татбиқи босамари Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии берунӣ ба иқтисоди миллӣ аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба рушд ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозиро фаъолтар намоянд.

Март 21, 2020 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид