Дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоии вилояти Суғд дастурхони идонаи наврӯзӣ густурда мешавад
ХУҶАНД, 13.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз 20 март дар 22 муассисаи иҷтимоӣ, аз ҷумла, хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаб-интернатҳо, мактаби бачагони ятим ва маъюб ва хонаҳои кӯдакони вилояти Суғд бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз ҷониби роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва сарпарастони муассисаҳо барои бошандагон дастархонҳои идона ороста шуда, ҳамчунин барномаҳои фарҳангӣ пешниҳод мегарданд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъулин аз шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд, амали мазкур дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа роҳандозӣ мегардад. Дар ин рӯз дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоии вилоят, воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон барномаҳои идона баргузор гардида, беш аз ду ҳазор бошандагони ин муассисаҳо, ки дар парастории доимии рохбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд, ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.
Имсол тантанаҳои асосии идонаи Наврӯзи байналмилалии ҷумҳуриявӣ дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, бахшида ба ин ҷашни хуҷастапай дар тамоми идора, ташкилоту муассисаҳои қаламрави вилоят баргузории як зумра маҳфилу барномаҳо, аз ҷумла ҳашарҳои оммавӣ, мусобиқаҳои варзишии суннатӣ, аёдати шахсони барҷомонда, ятимону маъюбон, маҳфилу озмунҳои «Бонуи наврӯзӣ», «Маликаи баҳор», «Арӯси наврӯзӣ», «Ҳафтсин», «Ҳафт шин» ва «Нақшхони беҳтарин» дар назар дошта шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






