Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» намоиши корҳои эҷодӣ баргузор шуд

Март 28, 2020 11:30

ДУШАНБЕ, 28.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши корҳои эҷодии омӯзгорон таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва соли ҳафтуми  фаъолияти Донишкада баргузор гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи Давлат гузориш медиҳад, ки дар намоишгоҳи мазкур зиёда аз 80 асари эҷодӣ, аз ҷумла мусаввирӣ, манзаранигорӣ, нақшу нигори миллӣ, кандакорӣ дар чӯб, миниатюра ва наққошии кундал ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Дар маросими ифтитоҳи намоиш мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода, устодону донишҷӯён ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.

Муҳиддин Пайшанбезода иброз намуд, ки донишкадаи мазкур дар тӯли 7 соли корӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

«Мояи ифтихор аст, ки Донишкадаи дизайн бо баргузории чунин намоишҳо фарҳанг ва тамаддуни бою рангини тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намудааст», — иброз дошт мавсуф.

Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода изҳор дошт, ки мақсад аз баргузории ин намоишгоҳ- шиносонидани насли ҷавон бо фаъолияти донишкада ва ба ин восита ҷалб намудани насли наврас ба санъати рассомию орошӣ мебошад.

Мавсуф иброз дошт, ки ба роҳ андохтани чунин тадбирҳо  имкон медиҳад, ки насли наврас дар рӯҳияи ваҳдату якдилӣ ва хештаншиносӣ тарбия ёбад.

Тавре аз тасвирҳои устодони Донишкада аён буд, онҳо бо дастони ҳунарофари худ ба василаи рангҳо табиати Тоҷикистонро пурҷило ва хеле зебо нишон додаанд.

Ҳамчунин дар ин рӯз ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ барномаи  фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои миллӣ барпо гардида, бо риояи суннатҳои хоси ин ҷашн дастархони наврӯзӣ ороста шуд.

Ҷамшед Ғанизода иброз намуд, ки Наврӯз чун рамзи сулҳу оромӣ, пиндор, гуфтору кирдори нек моро ба сӯи рӯзгори осуда, сулҳу субот ва кӯшиш барои зиндагии оромона раҳнамоӣ мекунад.

Мавриди зикр аст, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон давоми ҳафт соли фаъолияти худ ҳамчун мактаби олии касбӣ ташаккул ёфта, аввалин муассисаи мустақили давлатӣ мебошад, ки дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн дар зинаҳои бакалавр ва магистр мутахассис тайёр мекунад.

Бояд гуфт, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 30 марти соли 2013 таъсис ёфта, давоми фаъолияти худ кадрҳои баландихтисос омода намудааст. Дар донишкада се факултет — «Санъати тасвирӣ» бо кафедраҳои «Мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ», «Графика ва санъатшиносӣ», «Дизайн» бо кафедраҳои «Дизайн», «Санъати ороиши амалӣ», «Технологияи иттилоотӣ ва иқтисод», «Тарҳрезии бадеии либос», инчунин  кафедраи «Забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ» ва  Маркази бачагонаи рассомӣ, устохонаҳои тахассусӣ дар назди  раёсати донишкада ташкил гардидаанд.

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон соли 2020 нақша дорад, ки довталабонро ба зинаи доктор PhD  аз рӯйи равияи «санъатшиносӣ» қабул намояд.

Март 28, 2020 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Муъминобод шукуҳманд баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Варзоб ва Муъминобод баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Душанбе баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
Имрӯз дар боғҳои Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод ва Нуробод баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 228 нафар хатм намуданд
«ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Италия намоиши шоҳкорҳои беназири мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон доир мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод, Нуробод, Муъминобод ва Варзоб баргузор мегарданд