Дар Хуҷанд дар доираи Ярмаркаи VII «Суғд-2020» Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ баргузор мешавад
ХУҶАНД, 14.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 10-11 июл дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш»-и маркази вилояти Суғд–шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VII байналмилалии савдои «Суғд — 2020» баргузор мегардад. Дар ярмаркаи мазкур иштироки намояндагони доираҳои тиҷоратӣ аз Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Осиё ва Аврупо дар назар аст. Ҳамчунин, дар он соҳибкорону ҳунармандон аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ширкат менамоянд.
Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», ҳадафи баргузории ярмаркаи мазкур- ин дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ ва ҳамчунин ба роҳ мондани ҳамкории судманди соҳибкорони ватанӣ бо ҳамтоёни худ аз давлатҳои хориҷии дуру наздик ва ҷалби сармоягузорию воридоти технологияҳои муосир ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон дар доираи ярмаркаи VII байналмилалии савдои «Суғд — 2020» ташкили Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ, озмуни «Маҳсулоти беҳтарин», инчунин муаррифии иқтидорҳои сармоя ва нақша-бизнесҳои соҳибкорони ҷавони Суғд дар доираи баргузории клуби мубоҳисавии «StartUp -Чойхона», вохӯриву суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва мастер-классҳо байни намояндагони ширкатҳо, инчунин ба имзорасонии шартномаҳо дар назар аст.
Ярмаркаи мазкур дар муддати кӯтоҳ аз чорабинии минтақавӣ ба намоишгоҳи байналмилалӣ табдил ёфта, танҳо соли гузашта дар доираи Ярмаркаи VI байналмилалии савдои «Суғд—2019» 45 созишнома ва ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Дар кори намоишгоҳ ғайр аз соҳибкорону ширкатҳои ватанӣ, инчунин намояндагони доираҳои тиҷоратии беш аз понздаҳ давлати хориҷиву ташкилотҳои бонуфузи молиявию тиҷоратии байналмилалӣ иштирок намуданд. Ин шаҳодати он аст, ки сатҳи ин намоишгоҳ сол аз сол баландтар мешавад.








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






