Дар корхонаи «Ноқили Талко» ҳамоиши соҳибкорони шаҳри Душанбе баргузор шуд

Март 12, 2020 16:20

ДУШАНБЕ, 12.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббусси  Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе дар  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ноқили Талко» бо иштироки васеи соҳибкорони пойтахт  ҳамоиш доир гардид. Ҳамоиши мазкур  бо мақсади амалисозии  ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   — саноатикунонии мамлакат роҳандозӣ гардида, дар он имконият ва иқтидори ҶДММ  «Ноқили Талко» дар соҳаи истеҳсоли ноқилҳои гуногуншиддати барқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре мухбири АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, директори Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе Миралӣ Қодиров зикр кард, ки ҳамоиши имрӯза ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Тоҷикистон – cаноатикунонии мамлакат бо супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ гардидааст.

Номбурда барои иштирокдорони ҳамоиш  аз суханронии Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти имсолаашон  бо соҳибкорони мамлакат дар шаҳри Душанбе чунин  иқтибос овард: « Бо мақсади рушди соҳаи саноат, ки заминаҳои он дар асоси се ҳадафи умумимиллӣ фароҳам оварда шудаанд, мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чорум эълон намудем.

Татбиқи ин вазифаи муҳим имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати индустриаливу аграрӣ табдил дода шавад. Аз ҷумла ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, соддагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ба танзим даровардани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, низоми иҷозатдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ, андозбандӣ, соддагардонии савдои хориҷӣ, эълони мораторий ба санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар рушди саноати кишвар нақши муҳим доранд».

“Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ ва иштироки сохторҳои санҷишию назоратӣ  ҷиҳати рушди соҳибкорӣ дар пойтахти мамлакат машваратҳои омӯзишӣ гузаронида, савияи дониши ҳуқуқии соҳибкоронро баланд мебарорад. Марказ ҳамзамон машваратҳои ҳуқуқии ройгонро ба роҳ мондааст, ки соҳибкорон ва шаҳрвандон метавонанд ба муроҷиатҳои худ сари вақт ҷавобҳои зарурӣ гиранд”,- афзуд Миралӣ Қодиров.

Сипас дар ҳамоиш директори  ҶДММ  «Ноқили Талко» Маҳмуд Исматзода  зикр кард, ки  барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба коркарди ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла коркарди алюминийи аввалия дар дохили мамлакат корхонаҳои саноатӣ сохта шаванд. Ин иқдомро ширкати “Талко Менеҷмент ЛТД” дастгирӣ намуда, хишти аввалини корхонаи саноатии ноқилбарории  «Ноқили Талко”-ро моҳи марти соли 2008 гузошт.

“31 августи соли 2011 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе нахустин дар Осиёи Марказӣ корхонаи истеҳсоли ноқилҳои барқи шиддаташон гуногун, ки дар асоси технологияҳои муосир сохта шудааст, ба фаъолият шурӯъ кард. Дар бунёди корхона зиёда аз 13 ширкати бузурги ватанӣ саҳми арзанда гузоштаанд, аз ҷумла ҶСП “Корпоратсияи Сомон Душанбе”, ҶДММ “Сомон- саноат”, ҶДММ “Энергосервис”, ҶДММ “Сомон  -Ваҳдат”, ҶДММ “Спестехника”, ҶДММ “Гипропром”, ҶДММ “Элси-Азии Энергостройпроект ва ғайраҳо”,- афзуд директори корхона.

-Сехҳои истеҳсоли ноқилҳои коргоҳ бо таҷҳизоти ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ – «Sictra» (Италия), «Smarter» ва «Nanjing» (Чин), «Siemens» (Олмон) ва «Maillefer Exstrusion Oy» (Финляндия) муҷаҳҳаз гаштаанд, — илова кард М.Исматзода    ва дар идомаи сухан иброз дошт, ки корхонаи «Ноқили Талко”  дорои Сертификати мутобиқати системаи менеҷменти сифат ба талаби меъёри байналмилалии ISO 9001: 2009 буда, метавонад маҳсулоташро ба бозори кишварҳои аъзои Созмони ҷаҳонии савдо содир намояд.

Номбурда ҳамчунин иттилоъ дод, ки айни замон дар корхона зиёда аз 320 намуди ноқилҳо аз рӯи буришҳои гуногун ва шиддаташон пасту миёна истеҳсол  мешаванд. Аз ҷумла, ноқилҳои рӯйпӯшнашуда барои хатҳои интиқоли барқ, ноқилҳои рӯйпӯшшудаи назоратӣ, ноқилҳои рӯйпӯшшудаи худнигоҳдор, ноқилҳои рӯйпӯшшуда барои шабакаи рӯшноидиҳӣ ва ғайраҳо.

ҶДММ «Ноқили Талко» имкон дорад бо иқтидори ҳозирааш дар як сол ҳазорҳо  тонна алюминийи аввалияро коркард созад. Озмоишгоҳи он дар Феҳристи давлатии Системаи миллии сертификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми октябри соли 2015 ба қайд гирифта шуда, дорои шаҳодатномаи аккредитатсияи озмоишгоҳи санҷишӣ ва салоҳияти техникӣ мебошад. Сифати ноқилҳои истеҳсолшуда  мутобиқи меъёрҳои байналмилалии ISO 9001: 2009, IEC, DIN, ASTM ва байнидавлатии ГОСТ санҷида мешаванд. Се озмоишгоҳи корхона – физикию кимиёӣ, санҷиши шиддати паст ва шиддати миёна бо дастгоҳҳои истеҳсолии ширкатҳои Чин ва Олмон муҷаҳҳазанд.

ҶДММ «Ноқили Талко» дар самти коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллӣ, васеъ намудани номгӯи истеҳсоли молу маҳсулоти ватанӣ ва ҷуғрофияи фурӯши он, мусбисозии тавозуни гардиши савдои хориҷӣ ва, дар ниҳоят, беҳсозии сатҳу сифати зиндагии мардуми ҷумҳурӣ  саҳми назаррас мегузорад.

Туфайли гузарондани озмоиши симҳои аз хориҷи кишвар воридшуда маълум гашт, ки аксарашон пастсифатанд. Маҳсулоти корхона  ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, дар ҳолати фаъолияти муназзам коргоҳ имкон дорад, ки эҳтиёҷи мардуми ҷумҳуриро бо маҳсулоти ватанӣ қонеъ гардонад.

ҶДММ «Ноқили Талко» маҳсулоти худро ба Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон содир намуд. Чунин тарзи фаъолият имкон медиҳад, ки корхона дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи сазовор дошта бошад. Роҳбарияти  корхона мақсад доранд, ки бо маҳсулоти хушсифати худ дар озмунҳои байналмилалии сохтмони хатҳои интиқоли барқии 500 кВ-и CASA-1000 ва иваз намудани хатҳои интиқоли барқии 0,4 кВ-и ноқилҳои рӯйпӯшнашуда (симҳои луч) ба ноқилҳои рӯйпӯшшудаи тамғаи СИП дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб ширкат варзанд. Дар баробари ин, ҳамкориро бо Пажӯҳишгоҳи кимиёи ба номи В. И. Никитини Академияи илмҳо оид ба истеҳсоли ноқилҳои рӯйпӯши полиэтиленӣ ва пластикӣ тавсеа бахшида, содироти онро ба хориҷи  мамлакат  ба роҳ монанд ва дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намоянд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Март 12, 2020 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намуданд
Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд