Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ коргоҳи дӯзандагӣ ва адрасбофии «Сомон» ифтитоҳ гардид

Март 6, 2020 12:40

ДУШАНБЕ, 06.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар арафаи Рӯзи Модар  дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода коргоҳи дӯзандагӣ ва адрасбофии «Сомон» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Акнун чандин нафар занони хонашин бо ҷойи кор таъмин мегарданд, ки беҳтарин туҳфа барои онҳо дар ин ҷашн маҳсуб мешавад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуотии раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Тавре  14 октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо соҳибкорону саноатчиёни мамлакат иброз намуданд, «дар шароити имрӯзаи пешрафти иқтисодӣ соҳаи саноат яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ маҳсуб ёфта, таъмин намудани рушди он яке аз вазифаҳои афзалиятнок ба шумор меравад».

Мавриди зикр аст, ки коргоҳи мазкур бо дастури бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ ва адрасбофии «Сомон» аз ҷониби  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо маблағи зиёда аз 450 ҳазор сомонӣ шурӯъ гардида, дар фурсати кӯтоҳ бинои дуқабата бо масоҳати умумии 280 метри мураббаъ бунёд ёфт.
Иншоот бо усули меъмории замонавӣ, бо истифода аз унсурҳои миллӣ ва масолеҳи хушсифати ватанӣ бино гардидааст. Зимни корҳои сохтмонӣ 12 бинокори маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд.
Бино ба зикри манбаъ,  айни замон дар коргоҳ 20 адад дастгоҳи дӯзандагӣ ва 10 адад дастгоҳи адрасбофӣ мавҷуд буда, беш аз 30 нафар бо ҷойи кор таъмин мебошанд. Дар коргоҳ ҳунарҳои қуроқдӯзӣ, чакандӯзӣ, гулбаст, попурӣ ба роҳ монда шудаанд.

Раиси вилоят роҳбарии коргоҳи мазкурро ба зимаи бонуи соҳибкор Муқаддас Султонова вогузор намуд.

Муқаддас Султонова, ки ба намояндагӣ аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 14 октябри соли гузашта дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони соҳаи саноати ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуд, ба Пешвои миллат барои таъмини фазои созгори фаъолияти истеҳсолӣ, пешниҳоди имтиёзҳо, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва дигар тадбирҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуд.

Бино дорои шароити мусоид буда, дар он то 50 ҷойи кори доимӣ барои бонувони ҳунарманду дӯзанда ташкил карда мешавад.

Минбаъд дарсҳои амалии муассисаҳои таълимии маркази ноҳия аз фанни технология барои духтарон дар ин коргоҳ доир мешаванд, то ҷавондухтарон соҳиби касб гарданд.

Март 6, 2020 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Таъсиси Маркази миллии маълумоти зондкунии фосилавии Замин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт