Дар Новосибирск зиёда аз якуним ҳазор нафар интихобкунандагон овоз доданд

Март 1, 2020 12:10

ДУШАНБЕ, 01.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск зиёда аз якуним ҳазор нафар интихобкунандагон овоз додаанд.

Тавре хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» Садбарги Боқӣ аз шаҳри Новосибирск иттилоъ дод, аз субҳи барвақт саҳни  идораи Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск серодам буд. Ҳайати расмии намояндагони консулгарии генералӣ, намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Новосибирск, раисони ҷамъиятҳои тоҷикони Новосибирск, Красноярск, Омск, Новокузнетск, Кемерово, ки дорои касбу кори гуногунанд, бо пуштибонӣ аз сиёсати одилонаву ободкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон ҷамъ омада, ба номзадҳои арзанда овоз дода истодаанд.

Хусусан ҳамватаноне, ки дар минтақаи Сибир фаъолият доранд, дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, бо рӯҳияи баланди ватандӯстона ва ифтихор аз ватану ватандорӣ бо қалбҳои саршор аз муҳаббату эҳтиром ба сарзамини хеш барои овоз додан ба номзаду ҳизбҳои арзанда ба интихобот омада истодаанд.

Тавре аз суҳбат бо Исмоил Киборов, Сияршо Абдуҷабборов, Хуршед Саймаликов, Одина Розиқ аз шаҳри Новосибирск, Боқиҷон Бурҳонов аз Красноярск, Суръатхони Ворухӣ, Садриддин Нуриддинов бармеояд, онҳо умед доранд, ки беҳтарин номзадҳои арзанда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, барои рушди минбаъдаи ватану миллат фаъолият хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки дар 30 давлати хориҷӣ 39 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудаанд.

Март 1, 2020 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд