Дастгир шудани сокини шаҳри Душанбе бо гумони хариду фурӯши одамон
ДУШАНБЕ, 03.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 67-солаи сокини кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе бо гумони хариду фурӯши одамон дастгир карда шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Номбурда, соли 2017 ширкати ҶДММ «Имкон-2015»-ро ташкил намуда, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди шоҳигарии Арабистони Саудӣ, бо роҳи фиреб ба боварии зани 43-сола, сокини кӯчаи Каҳҳорови пойтахт даромадааст. Ва номбурдаро ба шаҳри Риёзи шоҳигарии Арабистони Саудӣ бурда, ба муддати зиёда аз шаш моҳ мавриди истисмори меҳнатӣ, яъне ҳуқуқҳояшро пурра маҳдуд карда, бе музди маош ва соати муқаррарӣ ҳамчун ғулом кор фармудаанд.
Нисбат ба гумонбаршуда аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 130-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтиш идома дорад.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






