Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрноки боронӣ дар назар аст

Март 21, 2020 08:26

ДУШАНБЕ, 21.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 21 март ҳаво дар ҷумҳурӣ абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат борида, дар доманакӯҳҳо боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар  Душанбе низ   абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ҳолатҳо борон шиддат гирифта, ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. 22-23 март ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шабона 9+11 ва рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ Ҷамила Байдуллоева хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, 21 март дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, боридани борони шиддатнок дар назар аст. Ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. 22-23 март ҳавои  тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ин рӯзҳо шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати 13-18 метр дар як сония мевазад.   Ҳарорат ба 22+27 дараҷа мерасад. 24 март низ  боридани борон пешгӯӣ шудааст.

21-24  март дар вилояти Суғд ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Дар баъзе  ноҳияҳои вилояти Суғд боридани боришоти шиддатнок ва раъду барқ дар назар буда, дар қисматҳои доманакӯҳӣ барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 15 +20 дараҷа гарм мешавад. Дар қисматҳои кӯҳии вилояти Суғд ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. 22 – 23 март ҳаво дар ин вилоят тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе мавридҳо то 15-20 метр як сония  мевазад. Гармии ҳаво ба 20+25 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ 21-24 март ҳавои абрноки боронӣ пешбинӣ шудааст. Дар баландкӯҳҳои вилоят  борон ва барф меборад. Асосан 21 март дар бархе ноҳияҳои тобеи марказ боридани бориши шиддатнок пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. 22-23 март ҳаво  тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ғарби вилоят боридани борон дар назар дошта шудааст. Дар шарқи Бадахшон ҳавои бебориш мешавад. Аз 22 то 24 март дар ин минтақа ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби Бадахшон шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона  12+17 дараҷа  гарм мешавад.

Март 21, 2020 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд