ИНТИХОБОТ-2020. Дар Тоҷикистон интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оғоз гардид

Март 1, 2020 06:10

ДУШАНБЕ, 01.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соати 6:00-и субҳи имрӯз ба вақти маҳаллӣ дар саросари Тоҷикистон интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оғоз ёфт.

Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР ҶТ), тибқи Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мамлакат барои ташкил ва гузаронидани интихобот ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 41 ҳавзаи якмандатӣ, инчунин 3412 участкаи интихоботӣ ташкил карда шуданд. Дар 30 давлати хориҷӣ 39 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудаанд.

Тибқи Қонуни конститутсионии мазкур, аз 63 вакили Маҷлиси намояндагон 41 нафар дар ҳавзаҳои якмандатӣ ва 22 нафар дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхатҳои ҳизбҳои сиёсӣ интихоб карда мешаванд.

Ҳуқуқи пешбарии номзад ба вакилӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин шаҳрвандон бо роҳи худпешбарӣ тааллуқ дорад. Пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар ҳавзаҳои якмандатӣ аз ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби мақомоти шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ дар пленумҳо (конференсияҳо) ва бо роҳи худпешбарӣ бо пешниҳоди ариза ба комиссияи ҳавзавӣ дар бораи азми номзад анҷом дода мешавад.

КМИР ҶТ пас аз омӯзиши ҳаматарафаи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи ҳизбҳои сиёсӣ бо қарорҳои дахлдори худ рӯйхати номзадҳоро аз  Ҳизби Аграрии Тоҷикистон дар ҳайати 13 нафар, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳайати 26 нафар, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар, Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар ҳайати 4 нафар, Ҳизби Сосиал-Демократи Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар ва Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар ба қайд гирифт. Ҳамин тариқ, 65 номзад барои 22 курсии вакилӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ талош мекунанд.

Рӯйхати интихобкунандагон оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон барои ҳар як участкаи интихобот тартиб дода мешавад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бақайдгирии интихобкунандагонро таъмин намуда, ба комиссияҳои участкавии интихобот дар бораи интихобкунандагон, ки дар ҳудуди дахлдор истиқомат мекунанд, маълумот медиҳанд.

Ба рӯйхат шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, то замони тартиб додани рӯйхат дар қаламрави ин участка доимӣ ё муваққатан зиндагӣ мекунанд ва ҳуқуқ ба овоздиҳӣ доранд, ворид карда мешаванд. Интихобкунандагоне, ки бо ягон сабаб ба рӯйхат гирифта нашудаанд, бо қарори комиссияи участкавии интихобот ба он дохил карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯз ба ҳар як интихобкунанда (ба истиснои овоздиҳандагон дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) панҷтоӣ бюллетени интихоботӣ дода мешавад. Сокинони пойтахт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ чортоӣ бюллетени интихоботӣ мегиранд. Ба интихобкунандагон бюллетенҳо бо нишондоди ҳизбҳое, ки рӯйхати номзадҳояшонро ба ҳавзаи интихоботии умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод кардаанд, дода мешаванд. Илова бар ин, ба интихобкунандагон бюллетенҳо бо номҳои номзадҳои ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ ва номзадҳои ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва маҳаллӣ пешбаришударо медиҳанд.

Участкаҳои интихоботӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгиранд, соати 20:00-и 1 март ба вақти маҳаллӣ баста мешаванд.

Тибқи иттилои КМИР, беш аз 4 миллиону 900 ҳазор овоздиҳанда барои интихобот ба рӯйхат гирифта шудаанд. Интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50% интихобкунандагон ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд.

Беш аз 230 нозири байналмилалӣ аз ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ интихоботро назорат хоҳанд кард. Илова бар ин, интихоботро беш аз 250 нафар намояндагони васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ва хориҷӣ инъикос мекунанд.

Натиҷаҳои пешакии интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 24 соат пас аз анҷоми овоздиҳӣ ва натиҷаҳои ниҳоӣ на дертар аз ду ҳафта пас аз анҷоми интихобот эълон хоҳанд шуд.

АКС аз бойгонӣ

Март 1, 2020 06:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода дар Женева оид ба дастовардҳои парламенти Тоҷикистон сухан гуфт
Раиси Маҷлиси намояндагон дар иҷлосияи сатҳи баланд дар Женева иштирок намуд
Файзалӣ Идизода дар Конфронси ҷаҳонии Раисони парлумонҳо дар Женева иштирок менамояд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Муғулистон мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Муғулистон баррасӣ шуд
Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия густариш меёбанд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар Чин ташкили механизми муошират байни мақомоти қонунгузорро меомӯзанд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд
1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид