Ҳисор: дар ҳавзаи якмандатаи №7 39, 3 фоизи интихобкунандагон дар овоздиҳӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 01.03.2020/АМИТ «Ховар»/. То соати 10-и пагоҳӣ дар ҳавзаи якмандатаи интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳисор №7 56 ҳазору 211 нафар ё 39, 3 фоизи интихобкунандагон ба номзадҳои арзандаи хеш раъй доданд. Дар ин бора дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси Комиссияи ҳавзаи якмандатаи интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳисор №7 Гулхумор Дадабоева иттилоъ дод.
Тибқи иттилои сарчашма, ҳавзаи якмандатаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳисор №7 дорои 84 участкаи интихоботӣ ва 143 ҳазору 32 нафар интихобкунандагон буда, дар он дар асоси муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба интихобот тамоми имконоту шароити зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
Дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳисор №7 5 номзад- се нафар тариқи худпешбар –Аъзамҷон Азамов, Ҳасан Давлатов, Абдувоҳид Раҳимов ва ду номзад аз ҳизбҳои сиёсӣ- Субҳон Сатторов аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва Сурайё Уроқова аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.
Гулхумор Дадабоева афзуд, ки дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Ҳисор №7 6 ҳазору 41 нафар ҷавонон, ки синнашон ба 18 расидааст, бори аввал дар интихобот иштирок намуда, ба вакили хеш раъй медиҳанд. Ҳамзамон раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии Ҳисор №7 зикр намуд, ки ҷараёни баргузории интихобот ва раъйдиҳиро дар қитъаҳои овоздиҳии ҳавзаи мазкур нозирони байналмилалӣ аз Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон мушоҳида намуданд.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






