Ҳисор: дар ҳавзаи якмандатаи №7 39, 3 фоизи интихобкунандагон дар овоздиҳӣ иштирок намуданд

Март 1, 2020 12:00

ДУШАНБЕ, 01.03.2020/АМИТ «Ховар»/. То соати 10-и пагоҳӣ  дар ҳавзаи якмандатаи интихобот  оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳисор №7 56 ҳазору 211 нафар ё 39, 3 фоизи интихобкунандагон ба  номзадҳои арзандаи  хеш раъй доданд. Дар ин бора дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси Комиссияи ҳавзаи якмандатаи интихобот  оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси   намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳисор №7 Гулхумор Дадабоева иттилоъ дод.

Тибқи иттилои сарчашма,  ҳавзаи якмандатаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳисор  №7 дорои 84 участкаи интихоботӣ ва 143 ҳазору 32 нафар интихобкунандагон буда,  дар он дар асоси муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба интихобот тамоми имконоту шароити зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.

Дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳисор  №7  5 номзад-  се нафар тариқи худпешбар –Аъзамҷон Азамов,  Ҳасан Давлатов, Абдувоҳид Раҳимов ва  ду номзад аз ҳизбҳои сиёсӣ-   Субҳон Сатторов аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва Сурайё Уроқова аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба қайд  гирифта шудаанд.

Гулхумор Дадабоева  афзуд, ки  дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Ҳисор №7   6 ҳазору 41 нафар ҷавонон, ки синнашон ба 18 расидааст, бори аввал дар интихобот иштирок намуда, ба вакили хеш раъй медиҳанд. Ҳамзамон раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии Ҳисор №7 зикр намуд, ки ҷараёни баргузории интихобот ва раъйдиҳиро дар қитъаҳои овоздиҳии ҳавзаи мазкур нозирони байналмилалӣ аз Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,  инчунин намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон мушоҳида намуданд.

Март 1, 2020 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид