КМИР: Интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоргардида ҳисобида шуд

Март 27, 2020 15:26

ДУШАНБЕ, 27.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоргардида ҳисобида шуд. Аз ҳавзаҳои интихоботи бисёрмандатӣ 25 нафар ба узвияти Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Дар ин бора зимни ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР), ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид, иттилоъ дода шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҷаласа таҳти раёсати Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода баргузор гардид.

Бахтиёр Худоёрзода зикр намуд, ки интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2020 таъйин гардида буд ва нимаи аввали имрӯз дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандата дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар панҷ ҳавзаи бисёрмандатии интихоботӣ бо иштироки 2163 нафар вакилони интихобкунандаи маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллӣ баргузоргардида ҳисобида шуд.

«Интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллӣ бо иштироки фаъолонаи вакилони интихобкунанда доир шуд. Ҳамаи протоколҳо дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ аз панҷ ҳавзаи бисёрмандатӣ ба Комиссияи марказӣ ворид гардиданд. Доир ба ҷамъбасти интихобот ягон эроду пешниҳод нест. Интихобот дар доираи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид», — афзуд Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа аъзои КМИР оид ба ҷамъбасти натиҷаи интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бақайдгирӣ ва тасдиқи аъзои интихобгардида қарори дахлдор қабул намуданд.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи тасдиқи протоколҳои панҷ ҳавзаи бисёрмандатии интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ номзадҳои зерин аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд:

аз ҳавзаи бисёрмандатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1

Файзов Ёдгор Доёрович – раиси  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон – раиси ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Додхудо Фаррух Муборакшо – раиси ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Мирзозода Мусо Одинамуҳамад – раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Қонунзода Шодигул Худобахш – директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон».

аз ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ дар вилояти Суғд №2:

Аҳмадзода Раҷаббой – Раиси вилояти Суғд

Набизода Мадина Раҳмат — директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон»

Ҳакимова Карима Муқимовна – сартабиби беморхонаи №1-и Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара

Мӯъминова Фирӯза  Исроиловна – мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан

Шукурзода Мурод Ҷура – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

аз ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ дар вилояти Хатлон №3:

Ҳакимзода Қурбон – раиси вилояти Хатлон

Одилзода Дилбар Раҳим – директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб»

Одиназода Бозоралӣ Неъмат – раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон

Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон

Шоиддинов Файзиддин Таваккалович – директори Неругоҳи барқи обии «Норак» ба номи Т.Улҷабоев

аз ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ дар шаҳри Душанбе № 4:

Рустами Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе

Раҳмон Дилшод Сафарбек – декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ — ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

Амонзода Илҳом Темур – ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Одилбекова  Лола Қиёбековна – мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5:

Хоҷазода Фарзона Ҳаким – муовини раиси шаҳри Ваҳдат

Акрамзода Рустам – раиси ноҳияи Рӯдакӣ

Ҷумъазода Шарифҷон – раиси шаҳри Ҳисор

Вализода Абдуқодир Исуф – раиси шаҳри Турсунзода

Муқими Раҳимҷон Набизода – раиси ноҳияи Рашт

Ёдовар мешавем, ки тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегарданд.

Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд. Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад.

Муҳлати ваколати аъзои Маҷлиси миллӣ 5 сол буда, фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад.

Март 27, 2020 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакили Маҷлиси намояндагон дар Форуми Осиёгӣ оид ба аҳолӣ ва рушд дар Босния ва Герсеговина иштирок намуд
Дар Маҷлиси намояндагон фраксияҳои ҳизбӣ таъсис дода шуд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати Шоҳигарии Белгия мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Сочӣ аз маҷмааи таълимии «Сириус» дидан намуданд
Раиси Маҷлиси намояндагон бо роҳбарони ҳайатҳои Форуми «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» мулоқот намуд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди оромгоҳи Сарбози номаълум дар боғи Александри шаҳри Москва гулчанбар гузоштанд
Рустами Эмомалӣ барои анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Москва гардиданд
Дар Маҷлиси намояндагон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуданд