ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 24.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ идома дорад.
Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллии варзишӣ намоиш дода мешаванд.
Аз ҷумла, бозиҳои миллии варзишии камонварӣ, гӯштини миллӣ, гӯштингирӣ, шамшербозӣ, лаклакбозӣ, чавгонбозӣ, буҷулбозӣ ва дигар бозиҳо намоиш дода мешаванд.
АМИТ «Ховар» якчанд бозии миллии варзиширо шарҳ медиҳад.
Гӯштини миллӣ
Гӯштини миллии тоҷикӣ яке аз варзишҳои маъмул дар байни мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Гӯштингирӣ ё гӯштин аз калимаи тоҷикии «куштӣ» гирифта шудааст, ки маънои камарбандро дорад. Дар замони Зардушт ҳам камарбанди зардуштиёнро куштӣ меномиданд. Решаи пайдоиши ин калима аз куштигирӣ ё камарбандгирӣ (аз миёни якдигар гирифта, қувваозмоӣ кардан) бармеояд.
Мусобиқаи маъмултарини Наврӯз гӯштингирӣ ба ҳисоб меравад. Зеро дар ин айём дар ҳама деҳаю шаҳрак ва шаҳрҳои калон мусобиқоти наврӯзии гӯштингирӣ баргузор мегарданд.
Тибқи қоида, паҳлавонони саросари ҷумҳурӣ ба Наврӯз омодагӣ мегиранд, дар маъракаи наврӯзӣ қаҳрамон шудан маънии бузург дорад ва то Наврӯзи оянда номи паҳлавони пирӯз вирди забонҳо боқӣ мемонад.
Аспдавонӣ
Мусобиқаи аспдавонӣ ба масофаҳои гуногун бозии миллӣ аст, ки дар он қувват ва давандии аспро месанҷанд. Дар Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон пойга аз қадимулайём маълум ва машҳур аст. Чобуксавороне, ки дар пойга иштирок менамоянд, бо ишора ба сӯи марра асп медавонанд. Ғолибони пойга мукофотонида мешаванд. Пойга асосан дар рӯзҳои ид ва тӯй, дар ҷойҳои ҳамвор гузаронида мешавад, дар теппа ва бораҳои атроф хайма ва чодарҳои рангоранг зада, таомҳои ҳархела мепазанд. Дар пойга асосан ҷавононе иштирок менамоянд, ки аз хурдсолӣ аспсаворӣ омӯхтаанд.
Пойга чанд хел мешавад:
Пойгаи ҳамворӣ, ки дар ҷойҳои ҳамвор, дар пайраҳаҳои ипподром ба масофаи 1000 — 4000 метр гузаронида мешавад;
Пойгаи маҳдуд аз рӯи қоида дар пайраҳаҳое, ки саддҳои осонгузар доранд, ба масофаи 2000 — 3000 метр; дар пайраҳаҳое, ки садҳои мушкилгузар доранд, ба масофаи 4000-7000 метр доир мешаванд;
Пойга-кроссҳо дар ҷойҳои пасту баланд ба масофаи 3000-8000 метр ва ишораи аспакӣ (шикор бо саг) ба масофаи то 35 км гузаронида мешаванд.
Камонварӣ
Дар ин мусобиқа асбоби асосӣ камон мебошад, ки онро аз чӯби хамидаи абрӯшакл ва зеҳ месозанд. Чӯби хамидаро аз дарахтони зарбед, бед, санҷид ё газ сохта, ду нӯги онро бо устухон ё филизоти ранга оро медоданд. Зеҳи камонро аз ресмони абрешим ё рӯдаи ҳайвонҳои хонагӣ месохтанд.
Дар байни тоҷикон ду намуди камонварӣ маъмул буд: камонварии пиёда ва камонварии савора. Шахсоне, ки ба камонварии пиёда машғул буданд, аз камони бузургтар истифода бурда, ҳангоми тирандозӣ зонуи худро ба замин такя дода, тирро ба нишон мерасониданд. Тири камонварони пиёда дарозтар буд.
Камонварони моҳир аз масофаи 200 қадам ба ҳадафе, ки баробари чашми гов буд, бехато тирро мерасониданд. Камони саворагон хурдтар ва сабуктар буд. Онҳо камондони махсус доштанд, ки онро дар зини асп овехта, дар он тиру камонро нигоҳ медоштанд.
Лаклакбозӣ, бодпарак
Бодпарак навъи бозие аст, ки аз ашёи чоркунҷа ё аниқтараш аз фанер (тахтаи нафис) ва шохаҳои най сохта мешавад.
Парвози он хеле баланд буда, ҳатто дар нуқтаи авҷаш ба чашми одӣ ноаён мегардад ва таҳти таъсири бод як садои баланди дилнавозе сар медиҳад.
Лаклак шакли секунҷа дорад ва дар сохтани он аз коғазу пластик истифода мебаранд.
Дар ресмони лаклаки асосӣ боз чанд лаклаки дигарро ҳамроҳ менамоянд ва вақте ки онро ба ҳаво сар медиҳанд, гумон мекунӣ, ки селаи турнаҳо ба парвоз даромадаанду бо худ Наврӯзи ҷаҳонафрӯзро меоваранд.
Чавгонбозӣ
Яке аз бозиҳои қадимии тоҷикон чавгонбозӣ мебошад, ки навъе аз варзиши қадимаи ориёиҳо аст. Дар аввал чавгонбозӣ бо асп доир шуда, варзишгарон савори асп ба майдон мебаромаданд ва ин намуди варзиш хоси шоҳон ва шоҳзодагон буд.
Баъдтар ин бозӣ дар рӯи хок ва дар рӯи майса низ гузаронида мешуд. Ин намуди варзиш бештар дар идҳои Наврӯз, Меҳргон ва ҷашнҳои арӯсиву хатнасур зуд-зуд баргузор мешуд.
Бозӣ аслан дар мамлакати мо пайдо шуда, бозии миллии тоҷикон маҳсуб мешавад. Муҳаққиқ Абрамов соли 1955 дар китоби худ “Чавгон” мегӯяд, ки он бозии миллии тоҷикон аст. Аммо баъди инқилоб ин бозӣ танҳо дар Помир боқӣ монду халос.
Бандкашӣ
Бандкашӣ бозии варзишии миллиест, ки дар он ду гурӯҳ ресмони мустаҳкамро дошта, якдигарро ба тарафи худ мекашанд.
Ин бозии ҷолиб одатан дар ҷашнҳо, бахусус Наврӯз барои санҷидани қувват ва ҳамдигарфаҳмии дастаҳо ташкил карда мешавад.
Дар он дастае ғолиб мешавад, ки дастаи дигарро аз хати муайяншуда берун кашад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
АЗ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ТО ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Марҳилаи нави ислоҳоти давлатӣ
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид






