Маркази барномаҳои байналмилалӣ ба диққати хоҳишмандон мерасонад, ки Сафорати Руминия дар Тоҷикистон қабули хоҳишмандонро ба муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар эълон намудааст

Март 11, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 11.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати хоҳишмандон мерасонад, ки Сафорати Руминия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қароргоҳ дар ш. Нур-Султон) қабули хоҳишмандонро ба муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар барои соли таҳсили 2020-2021 эълон намудааст.

Довталабон метавонанд маълумоти муфассалро дар бораи омӯзиш ва грантҳо дар Руминия аз сомонаи https://www.mae.ro/en/node/10251 ва барои гирифтани раводид аз сомонаи https://studyinromania.gov.ro дарёфт намоянд.

Барои номнавис шудан, хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” (ш. Душанбе, кўчаи М. Турсунзода 47) муроҷиат намоянд.

Телефонҳо барои тамос: 223-23-59; 221-18-83.

 

Март 11, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад