Муовини Сарвазир ба роҳбарияти вилояти Хатлон супориш дод, ки киштро сари вақт анҷом диҳанд

Март 13, 2020 13:10

ДУШАНБЕ, 13.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода 12 март  зимни  иштирок дар маъракаи кишти пунбадона дар хоҷагии деҳқонии «Субҳон»-и Ҷамоати деҳоти «Намуна»-и ноҳияи Панҷ ба роҳбарияти вилоят, масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки то 5 апрел кишти пахтаро дар тамоми заминҳои кишоварзӣ ба 90 фисад расонида, камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро бартараф намоянд.

Дар маъракаи мазкур ҳамчунин Вазири кишоварзӣ Амонулло Салимзода, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Панҷ иштирок намуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Майдони кишти пахтаи ноҳияи Панҷ зиёда аз шашуним ҳазор гектарро дар бар гирифта, кишоварзон ният доранд ҳар ваҷаби замини корамро сарфакорона истифода бурда, имсол ҳосили хуби пахта ба даст оранд.

Замини кишти хоҷагӣ аз 11 гектар иборат буда, дар 1 гектар боғ, 2 гектар гандум ва дар 8 гектари он пахта кишт карда мешавад.

Пахтакорони  ноҳияи Панҷ бо дарки масъулият аз оғози мавсими баҳор ба  омоданамоии техникаи кишоварзӣ, интихоб ва парвариши навъҳои беҳтарини пунбадона ва риояи талаботи агротехникии парвариш эътибори ҷиддӣ зоҳир намуданд.

Соҳаи пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Даромад аз фурӯши маҳсулоти асосии пахта — нах, инчунин чигит, тибит ва ғайра ба миқдори 20-25 фоизи даромади солонаи миллиро ташкил медиҳад. Аз пахта ба воситаи коркард беш аз 300 намуд маҳсулоти хоҷагии халқ истеҳсол мешавад.

Март 13, 2020 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид