Президенти Туркманистон тавсия дод, ки дар муассисаҳо ҳазориспанд дуд кунанд
ДУШАНБЕ, 17.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 13 март дар ҷаласаи ҳукумати кишвараш ба мавзӯи паҳншавии коронавируси нав дар саросари ҷаҳон дахл карда, тавсия дод, ки ҳазориспанд ҳамчун василаи пешгирӣ аз ин вирус истифода шавад. Дар ин бора шабакаи давлатии телевизиони ин кишвар «Алтин Асир» («Золотой век») хабар дод, менависад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо такя ба хабаргузории «РИА Новости».
Бино ба гуфтаи Президенти Туркманистон, ҳазориспанд давои «чандин дард аст». Ба иттилои расонаҳо, мақомоти Туркманистон борҳо ба сокинон тавсия додаанд, ки барои дармон ёфтанд аз бемориҳои гуногун ҳазориспанд истифода кунанд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, тибқти омори СУТ, дар Туркманистон то имрӯз ҳолати сироятёбӣ аз вируси нав ба қайд гирифта нашудааст, вале ҳукумати мамлакат чун сойири кишварҳо ҷиҳати пешгирии ин вирус тадбирҳо меандешад. Бино ба хабари Радиои «Озодӣ», дар мамлакат нуқтаҳои карантинӣ ташкил шуда, афроде, ки аз давлатҳои дорои теъдоди зиёди мубталоёни коронавирус меоянд, ба ин нуқтаҳо фиристода мешаванд.
ДАР АКСҲО: баъди ин тавсияи президент дар муассисаҳои давлатӣ ва мактабҳои Туркманистон маъракаи дуд кардани ҳазориспанд шурӯъ шуд. Аксҳо аз ТВ «Алтин Асир».











Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






