ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 март, шанбе, 60-умин рӯзи соли 2020 аст

Март 1, 2020 08:00

1 марти соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии рақами 15-и ҳавзаи интихоботии рақами 2-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ташриф оварда, ба ҷонибдории ҳизб ва номзадҳои интихобнамудаи худ овоз доданд.

***

4 сол пеш, 1 марти соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ якбора се иншооти муҳими Воситаҳои ахбори омма — Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш», Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» ва Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори умум»-ро ифтитоҳ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли гузашта дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар кори Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ  суханронӣ намуданд.

1 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии мудофиаи шаҳрвандӣ.

***

Дар Қазоқистон – Рӯзи миннатдорӣ.

***

Рӯзи таҳлилгар-криминалисти Вазорати корҳои дохилии Россия.

РӮЙДОДҲО:

 1 марти соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор ба бунёди боғи «Сеҳазорсолагии Ҳисор» оғоз бахшиданд.

***

1 марти соли 2010 дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҷаласаи дурӯзаи  ХI Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ оғоз гардид.

***

4 сол пеш, 1 марти соли 2016 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки роҳҳои мошингарди Помир ба рӯйхати 10 роҳи зеботарини ҷаҳон ворид гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1943 ИМА барои фурӯши маҳсулоти консервашуда маҳдудият ҷорӣ намуд.

***

1 марти соли 1994 Парлумони Гурҷистон санад оид ба ворид шудани Гурҷистон ба ИДМ-ро ба тасвиб расонид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1920 Агентии давлатии иттилоотии Озарбойҷон «АзерТАдж» таъсис дода шуд.

***

Соли  1947 Фонди байналмилалии асъор ба фаъолият шурӯъ намуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Март 1, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, чоршанбе, 295-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, сешанбе, 294-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 октябр, душанбе, 293-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 октябр, якшанбе, 292-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 октябр, шанбе, 291-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 октябр, ҷумъа, 290-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 октябр, панҷшанбе, 289-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 октябр, чоршанбе, 288-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 октябр, сешанбе, 287-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 октябр, душанбе, 286-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 октябр, якшанбе, 285-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 октябр, шанбе, 284-умин рӯзи соли 2025 аст