ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 март, чоршанбе, 78-умин рӯзи соли 2020 аст

Март 18, 2020 08:00

18 марти соли 2010 дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ ба имзо расид.

***

5 сол пеш, 18 марти соли 2015  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро имзо намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Душанбе масоили густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод,  обу энергетика ва фарҳангу гуманитарӣ баррасӣ шуданд.

 18 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Россия – Рӯзи полиси андоз.

***

Дар Аруба- Рӯзи парчам ва суруди миллӣ.

***

Дар Беларус – Рӯзи қӯшунҳои дохилӣ.

 РӮЙДОДҲО:

18 марти соли 2010 дар шаҳри Душанбе Протоколи ҷамъбастии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон оид ба масъалаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ба имзо расид.

***

18  марти соли 2010  Созмони  Милали  Муттаҳид ва  Созмони  Аҳдномаи  Амнияти Дастаҷамъӣ дар бораи ба роҳ мондани ҳамкорӣ   декларатсияи муштарак ба   имзо расониданд.

***

9 сол пеш, 18 марти соли 2011 дар шаҳри Москва Форуми байналмилалии иқтисодии давлатҳои узви ИДМ: «20 сол бо ҳам: таҷрибаи ҳамкорӣ ва дастовардҳо» баргузор гардид.

***

18 марти соли 1813 дар ИМА дастгоҳи истеҳсолкунии гази  ангишт ихтироъ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1947 Комиссияи иқтисодии СММ барои давлатҳои Осиё ва Шарқи дур таъсис дода шуд.

***

29 сол пеш аз ин, 18 марти соли 1991 дар Россия қонун «Дар бораи милитсия» қабул карда шуд.

***

18 марти соли 1997 хурдтарин клавиатураи компютер сохта шуд, ки 7,62 х 3,048 см ҳаҷм дошт.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1900 клуби футболи «Аякс»-и Голландия  таъсис дода шуд.

***

Соли 1965  кайҳоннаварди шӯравӣ Алексей Леонов аввалин маротиба дар таърих ба фазои боз баромад.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Март 18, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, душанбе, 265-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 сентябр, якшанбе, 264-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 сентябр, ҷумъа, 262-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 сентябр, панҷшанбе, 261-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 сентябр, чоршанбе, 260-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 сентябр, сешанбе, 259-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 сентябр, душанбе, 258-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 сентябр, якшанбе, 257-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 сентябр, шанбе, 256-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 сентябр, ҷумъа, 255-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 сентябр, панҷшанбе, 254-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 сентябр, чоршанбе, 253-юмин рӯзи соли 2025 аст