«Тоҷикстандарт»: ба намуд ва муҳлати истеъмоли молу маҳсулот таваҷҷуҳ бояд намуд
ДУШАНБЕ, 12.03.2020/АМИТ «Ховар»/. Ҳар як харидор ҳангоми хариди молу маҳсулот ба намуди зоҳирии он, тамға, коғаз, ҷои нигоҳдорӣ ва муҳлати истеъмолии он бояд таваҷҷуҳ намояд. Дар ҳолати шубҳанок намудани молу маҳсулот аз харидории он худдорӣ намояд ва ё ба Агентии «Тоҷикстандарт» муроҷиат кунад.
Ин матлаб зимни вохӯрии мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» бо донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат баён гардид. Вохӯрии мазкур бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар заминаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба роҳ монда шуд.
Баргузории вохӯрии мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» бо донишҷӯён дар ҳолест, ки 15 март дар ҷумҳурӣ Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил мегардад.
Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки Агентии «Тоҷикстандарт» дар бозорҳои истеъмолии мамлакат назорати ҷамъиятӣ ҷорӣ намудааст, ки истеъмолкунандагон дар ҳолати ошкор кардани молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолиаш гузашта ба суроғаи расмии Агентӣ мурҷиат намоянд ва аз ҳуқуқҳои худ ҳимоят намоянд.
Агентии «Тоҷикстандарт» барои баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва эҳтиёткории шаҳрвандон нисбат ба хариди молу маҳусулот роликҳои тарғиботиро тавассути воситаҳои ахбори омма ба таври доимӣ пахш мекунад, то истеъмолкунандагон дар ҳолати зарурӣ аз ҳуқуқҳои истеъмолии худ баҳравар бошанд. Ҳамчунин дар вохӯрӣ аз тарафи мутахассисони Агентӣ ба як қатор масъалаҳои мубрам оид ба тарзи дурусти нигоҳдорӣ ва истеҳсоли молу маҳсулот маслиҳатҳои муфид ва маълумоти зарурӣ пешниҳод карда шуд.
Гуфта шуд, ки донишҷўён ҳам гурӯҳи калони истеъмолкунанда мебошанд ва ҳамарӯза аз бозору мағозаҳо маҳсулот харидорӣ мекунанд. Бинобар ин доштани иттилои бештар оид ба хуқуқҳои истеъмолӣ барои онҳо зарур аст.








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






