Вираҷ Сингх: «Ҳиндустон ҷонибдори мустаҳкам гардонидани ҳамкорӣ бо вилояти Суғди Тоҷикистон аст”
ДУШАНБЕ, 18.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Ҳиндустон омода аст бо вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла маорифу тандурустӣ ва саноату кишоварзӣ ҳамкории боз ҳам қавитар ба роҳ монад. Ин матлаб 17 март зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх, ки бо сафари корӣ дар вилоят қарор дорад, баён гардид.
Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» зимни мулоқот ҷонибҳо рушди дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҳиндустонро дар соҳаҳои мухталиф мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, хостори боз ҳам қавитар гардонидан ва васеъ намудани доираи ҳамкорӣ шуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба дипломати ҳинд ва ҳамроҳонаш доир ба вазъи иқтисодии вилоят ва имкониятҳои мавҷудае, ки ба тақвияти ҳамкорӣ мусоидат мекунанд, маълумот дода, таъкид кард, ки Тоҷикистону Ҳиндустон метавонанд дар бахшҳои дорусозӣ, коркарди пахтаву пилла, кишоварзиву саноат ва фарҳанг ҳамкории хешро густариш бахшанд.
Вираҷ Сингх иброз дошт, ки ҷониби Ҳиндустон низ барои густариши робитаҳо ҳавасманд буда, дар доираи созишномаҳои дуҷониба барои беҳтар гардидани ҳамкорӣ аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд.
Ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Ҳиндустон дар доираи сафар ба вилояти Суғд ҳамзамон аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздид намуда, бо роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати вилоят ва дигар воҳидҳои сохторӣ мулоқот анҷом медиҳад.








Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид






