ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Мастчоҳ 4 сартарошхона, 4 кошонаи ҳусн ва 2 ҳаммом бунёд гардид

Апрель 10, 2020 15:02

ДУШАНБЕ, 10.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ, ки беш аз 123 ҳазор аҳолӣ истиқомат дорад, дар маҷмӯъ сохтмони 535  иншооти гуногуни дорои аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла 5 маркази саломатӣ бо 5 ҳуҷраи хатна, 4 сартарошхона, 4 кошонаи ҳусн ва 4 ҳаммом ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ  «Ховар» дар вилояти Суғд Абдуаҳад Дадабоев масъулини бахши сохтмон ва меъмории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд.

То имрӯз аз теъдоди умумӣ 268 иншоот бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, дар самти дастрасии мардум ба иншооти нигаҳдории саломатӣ то имрӯз дар ҷамоатҳои Оббурдон, Мастчоҳ, Палдорак, Навбаҳор, Суғдиён  дар доираи амалинамоии лоиҳаи «Беҳтаргардонии хизматрасонии тиббӣ», ки бо ҳамдастии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ роҳандозӣ гардидааст, 5 маркази саломатӣ, 5  ҳуҷраи хатна, як дорухона ва инчунин бо маблағгузории мақомоти маҳаллии ноҳия ва соҳибкорон дар ҷамоатҳои Бӯстон, Мастчоҳ, Палдорак 4 сартарошхона  ва 4 кошонаи ҳусн ва дар ҷамоатҳои Мастчоҳ ва Бӯстон 2 ҳаммом  ба истифода дода шуданд.

То анҷоми соли равон тибқи нақша дар ноҳия сохтмони беш аз 50 иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ дар назар дошта шудааст.

Имсол дар ноҳияи Мастчоҳ ҷашни ҷумҳуриявии Рӯзи ваҳдати миллӣ бо иштироки меҳмонони олиқадр баргузор гардида, дар ин робита ҳоло дар маркази ноҳия-шаҳраки Бустон бо саҳмгузории мақомоти маҳаллӣ ва шахсони саховатпешаву соҳибкоронӣ ноҳия баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани он сохтмони 12 иншоот, чун кӯдакистони  хусусии «Офтобак» барои 160 нафар, сохтмони  майдони Парчами давлатӣ бо баландии сутунпояи 50 метр дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, варзишгоҳи марказӣ барои 10 000 ҷойи нишаст, Қасри фарҳанги ноҳия барои  1000 ҷойи нишаст, муассисаи таълимӣ барои 720 нафар хонанда дар ду баст дар шаҳраки навбунёди Ганҷободи Ҷамоати шаҳраки Суғдиён, фабрикаи парандапарварӣ барои парвариши беш аз 1 млн. чӯҷа, бинои истиқоматии панҷошёна ва меҳмонхонаи замонавӣ бомаром идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром ҷараён доранд. Давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешаванд.

Апрель 10, 2020 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд