Баъди таҷдиду навсозии «Комбинати орди Душанбе» сад нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд

Апрель 16, 2020 15:40

ДУШАНБЕ, 16.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Баъди пурра ба кор оғоз намудани ҶДММ «Комбинати орди Душанбе», ки алҳол дар он корҳои таҷдиду навсозӣ  ва васли таҷҳизоту дастгоҳ 90 фоиз иҷро гардидаанд, 100 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Иқтидори истеҳсолии корхона 400 тонна коркарди гандум дар як шабонарӯз, иншооти нигаҳдории гандум -12 ҳазор тонна ва гандуми тоза -3,5 ҳазор тоннаро ташкил  медиҳад.  Айни замон бо ҷалби 100 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ қисмати анбори бинои корхона  пурра аз таъмир бароварда шуда, рӯйпӯшкунӣ ва рангубори бинои осиёб ва элеватор дар арафаи анҷом қарор дорад.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо дарназардошти мутобиқнамоӣ ба стандарти байналмилалӣ ва бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти баландсифат корхона  ҳамкории судмандро бо ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи таҷҳизоти технологӣ ба роҳ мондааст. Корхона  таҷҳизоти технологии истеҳсоли ширкати чинии «COFCO Engineering & Technology Co., Ltd.»-ро, ки ба гурӯҳи ширкатҳои «COFCO Group» дохил мешавад, васлу насб намудааст.

Дар айни замон  таҷҳизот пурра насб гардида, баъд аз даъвати  мутахассисон аз Чин қисми идоракунии автоматикунонии хатти технологӣ барномасозӣ шуда, корхона пурра ба истеҳсоли орди гандумӣ омода карда мешавад.

Апрель 16, 2020 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд