Бонки миллӣ барои пешгирии таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия намуд
ДУШАНБЕ, 28.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳо ва блоки иқтисодию молиявии мамлакат дар шароити пандемия, ки бар асари хуруҷи бемории сироятии COVID-19 дар ҷаҳон эълон гардидааст, кадом тадбирҳои зиддибуҳронӣ меандешад?
Дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки бо мақсади пешгирӣ аз таъсири эҳтимолии пандемия Нақшаи чорабиниҳои Бонки миллии Тоҷикистон оид ба пешгирии таъсири эҳтимолии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ, низомҳои бонкӣ ва суғуртаи мамлакат таҳия гардидааст. Ҳамзамон оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Бонки миллии Тоҷикистон ситод таъсис дода шудааст.
Дар ин раванд ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати ҳифзи саломатии истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии вируси сироятии COVID-19, инчунин кам кардани сарборӣ дар муомилоти пулии мамлакат вазифадор карда шуданд, ки чораҳои заруриро фавран амалӣ намоянд.
Ҳамзамон Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири мамлакат ва вазорату идораҳои марбута пешниҳодҳоро оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва низоми бонкӣ ирсол намуд
Алҳол Бонки миллии Тоҷикистон бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, назири Хазинаи Байналмилалии Асъор, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд, Бонки рушди АвруОсиё, Бонки байнидавлатӣ, Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ, фондҳои байналмилалӣ, бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва сохторҳои бонкии кишварҳои хориҷи наздику дур ҳамкории судманд роҳандозӣ намудааст.








Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид






