Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро 1 банди фоизӣ паст намуд
ДУШАНБЕ, 29.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо пешниҳоди Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвил ҳамчун инъикоскунандаи мавқеи сиёсати пулию қарзӣ 1,0 банди фоизӣ паст карда шуд. Ин тадбир аз ҷониби БМТ бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ бинобар эҳтимоли афзоиши таъсири хавфҳо аз пандемияи COVID-19, инчунин дар семоҳаи минбаъда бо назардошти эҳтимоли кам шудани хавфҳои таварруми дохилӣ аз ҳисоби нисбатан зиёд шудани таклифот бинобар ҷамъоварии ҳосили нави соҳаи кишоварзии истеҳсоли дохилӣ, маҳдуд намудани содироти баъзе маҳсулоти хӯрокворӣ ҷиҳати дастгирии иқтисодиёти мамлакат ва пеш гирифтани сиёсати ҳавасмандгардонии монетарӣ андешида шудааст.
Сатҳи таваррум ва омилҳои таъсиррасон
Тибқи маълумоти оморӣ, сатҳи таварруми солона моҳи марти соли равон ба 9,3 фоиз баробар гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,5 банди фоизӣ зиёд мебошад. Раванди тағйирёбии сатҳи нархҳо дар натиҷаи таъсири омилҳои дорои хусусияти мавсимӣ, таклифотӣ ва фишорҳои берунӣ ба вуқӯъ пайваст.
Интизориҳо ва хавфҳо
Аз охири моҳи декабри соли 2019 то инҷониб бинобар пайдо шудани вируси сироятии «COVID-19» дар Ҷумҳурии Мардумии Чин садҳо ҳазор нафар одамон гирифтори он гардида, даҳҳо ҳазор тан ба ҳалокат расиданд. Ин вирус аллакай аксари давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст.
Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар Федератсияи Россия ҳамчун яке аз кишварҳои асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аллакай аз таъсири вируси мазкур номуайяниву ноустувории иқтисодӣ, коҳиши қурби рубли русӣ ва мушкилоти тиҷорати байналмилалӣ ба амал омадааст. Тибқи дурнамои Хазинаи Байналмилалии Асъор (апрели соли 2020) соли 2020 иқтисодиёти Федератсияи Россия 5,5 фоиз коҳиш хоҳад ёфт.
26 апрели соли 2020 нархи нафти навъи брент (Brent) дар биржаҳои ҷаҳонӣ ба ҳисоби миёна барои 1 баррел ба 25,1 доллари амрикоӣ баробар шуд, ки нисбат ба 31 декабри соли 2019 62,0 фоиз коҳиш ёфтааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нархи нафт яке аз нишондиҳандаи муҳим барои иқтисодиёти Россия маҳсуб ёфта, коҳиши он ба қурби пули миллии ин кишвар (рубли русӣ) таъсири зиёд дорад. Ба ҳолати 27 апрели соли 2020 қурби рубли Русия нисбат ба доллари ИМА дар муқоиса ба аввали сол 20,7 фоиз коҳиш ёфт.
Вобаста ба ҳолати пандемияи коронавирус (COVID-19), кам шудани талабот, суст шудани фаъолнокии иқтисодиёт ва дигар омилҳо аксари бонкҳои марказии давлатҳои хориҷӣ, назири давлатҳои Аврупо, Россия, Туркия, Амрико, Канада, Покистон, Молдова, Чин, Арманистон, Украина, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо ҷиҳати дастгирии иқтисодиёт сиёсати ҳавасмандгардонии монетариро амалӣ намуда истодаанд. Паҳншавии пандемияи «COVID-19» таъсири манфии худро ба иқтисодиёти ҷаҳон расонида истода, ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бинобар зиёд шудани таъсири омилҳои берунӣ, аз ҷумла маҳдуд гардидани равобити марзӣ ва коҳиш ёфтани муомилоти тиҷоратӣ метавонад бо роҳи болоравии нархи молу маҳсулоти воридотӣ, кам шудани ҳаҷми сармоягузориҳо, паст шудани сатҳи даромаднокии аҳолӣ, инчунин тавассути коҳиши қурби пули миллӣ ва эҳтимоли зиёд гардидани хавфҳои молиявӣ дар ташкилоти қарзии молиявӣ дар давраи кӯтоҳмуддат таъсир расонад.
Мавқеи сиёсати пулию қарзӣ
Бо дарназардошти омилҳои эҳтимолии мазкур Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҷиҳати дастгирии иқтисодиёти мамлакат ва пеш гирифтани сиёсати ҳавасмандгардонии монетарӣ меъёри бозтамвил 1 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 11,75 фоизи солона аз 1 майи соли 2020 муқаррар карда шавад.
Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро ҷиҳати ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат ва таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ идома хоҳад дод.








Дар шаш моҳ беш аз 930 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ мавзеъҳои сайёҳии Хатлонро тамошо намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Лахш дар 8061 гектар зироати кишоварзӣ кишт карда шуд
Дар Душанбе нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ—«Тоҷикистон-2026» доир мегардад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1050 то 0.1119 сомонӣ муқррар шудааст
Дар доираи Форуми маъданҳои муҳими Тоҷикистону Корея дар Сеул ҳайатҳои ду давлат вохӯрӣ анҷом доданд
Дар Хатлон ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 17,1 миллиард сомонӣ расонида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ноҳияи Вахш ба хориҷи Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзӣ содирот менамояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави барқии 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
Вазирони оби кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои идоракунии захираҳои обиро баррасӣ намуданд
Хадамоти алоқа: «Аз харидорӣ, насб ва истифодаи худсаронаи репитерҳои ғайристандартӣ ва бе танзими касбӣ худдорӣ намоед»






