Боронҳои башиддати шабонарӯзи гузашта сабаби болоравии сатҳи оби дарёҳои Тоҷикистон гардиданд

Апрель 14, 2020 13:40

ДУШАНБЕ, 14.04. 2020. /АМИТ «Ховар»/. Бориши боронҳои шадиди шабонарӯзи гузашта сабаби болоравии сатҳи оби дарёву  каналҳо шуда, сокинони мамлакатро ба изтироб овард. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Давоми шабонарӯзи гузашта дар дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ ва Обихингоб, ҳамчунин дар рӯдхонаҳои воқеъ дар қаторкӯҳҳои Ҳисор болоравии сатҳи об мушоҳида шуд.

13 апрел дар натиҷаи боронҳои шадид сатҳи оби дарёи Хонақоҳ аз меъёр баланд шуда, хавфи зери об мондани хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои кишти сокинони деҳаи Афғонободи Ҷамоати деҳоти Сомонии шаҳри Ҳисорро зиёд кард.

Барои пешгирӣ аз офати табиӣ ба минтақаи хатарнок гурӯҳи корӣ ҷиҳати роҳандозии корҳои пешгирӣ аз хатар бо ҷалби техника равона карда шуд.

«Ҳамаи воҳидҳои Кумиат ба меъёри тақвиятёфтаи фаъолият гузаштанд, ки сабаби ин боронҳои пуршиддат ва эҳтимоли сар задани ҳолатҳои фавқулода дар ҳар гӯшаи мамлакат аст. Наҷотдиҳандагони Кумита дар роҳҳои асосии кӯҳӣ, бахусус дар роҳҳои «Душанбе – Айнӣ» ва «Душанбе — Ванҷ» шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд», — омадааст дар иттилоияи Кумита.

Ёдовар мешавем, ки хатари болоравии сатҳи об дар каналу дарёҳои мамлакат то 17 апрел боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи  граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳои сербориш худ ва атрофиёнашонро эҳтиёт кунанд.

Апрель 14, 2020 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст