COVID-19 ДАР ИДМ. Дар Россия 3 448 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус ошкор гардид

Апрель 16, 2020 14:20

ДУШАНБЕ, 16.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия 3448 нафар зиёд шуда, 27 938 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди беморони шифоёфта дар ин давлат ба 2304 нафар ва шумораи фавтидагон ба 232 кас расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла дар Украина 4 161 ҳолат, Беларус – 3 728, Молдова – 2 049, Ӯзбекистон – 1 349, Қазоқистон – 1 341, Озарбойҷон – 1 253, Арманистон – 1 159 ва Қирғизистон 466 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ошкор гардид.

Ҳамчунин то имрӯз дар Россия 2 304 нафар, Озарбойҷон – 404, Арманистон  – 358, Қазоқистон – 263, Беларус – 203, Молдова – 171, Украина — 186, Ӯзбекистон – 107 ва Қирғизистон – 91 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Ҳамзамон дар Россия 232 ҳолат, Украина – 116, Молдова – 46, Беларус – 36, Арманистон – 18, Қазоқистон – 16, Озарбойҷон – 13, Қирғизистон – 5 ва Ӯзбекистон 4 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 784 нафар буда, 43 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 25 тани дигар вафот кардаанд.

Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 2 миллиону 88 ҳазору 861 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 134 ҳазору 755 нафар вафот карда, 516 ҳазору 10 кас шифо ёфтаанд ва 51 ҳазору 119 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (644 348 нафар), Испания (180 659), Италия (165 155), Франсия (147 863), Германия (134 753), Британияи Кабир (98 476), Чин (82 341), Эрон (76 389), Туркия (69 392) ва Белгия (33 573) дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки СУТ имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

АКС аз Гавриил Григоров/ТАСС

Апрель 16, 2020 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид