Дар Бохтар беш аз 800 нафар барои рӯйхат кардани аҳолӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд
БОХТАР, 20.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Барои рӯйхат кардани аҳолӣ дар шаҳри Бохтар беш аз 800 нафар ҷалб ва омӯзонида мешаванд. Ҳамчунин раисони шӯрои маҳаллаҳо, кормандони мақомоти худидораи маҳаллӣ низ ҷалб карда мегарданд, зеро онҳо бо аҳолӣ суҳбат намуда, таблиғот мебаранд.
Дар ин бора имрӯз, 20 апрел дар оғози семинари дурӯза, ки дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар мавзӯи «Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2020» баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, семинари мазкур бо дастгирии Бунёди СММ (UNFPA) дар самти аҳолӣ дар доираи лоиҳаи нави «Тақвияти омори демографӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Федератсияи Россия маблағгузорӣ мешавад, доир мегардад.
«Дар семнар муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода ва сардори идораи омори вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ширкат намуданд»,-афзуд манбаъ.
Ба иштирокчиён иттилоъ дода шуд, ки барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил рӯйдоди муҳими давлатӣ мебошад. Он барои нишондиҳандаҳои муайяни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва демографӣ маълумоти аниқ ва пурраи аҳолиро фароҳам меорад ва омори воқеии демографӣ таҳия менамояд.
Натиҷаҳое, ки дар ҷараёни рӯйхат кардани аҳолӣ ба даст меоянд, ба таҳияи сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ, пешбинӣ ва барномаҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамчунин ҳалли самарабахши вазифаҳо дар соҳаҳои гуногун мусоидат мекунанд.
15 апрел чунин семинари дурӯза дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






