Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дӯхтани ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шуд
ДУШАНБЕ, 10.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар заминаи озмоишгоҳҳои дӯзандагии факултети технология ва дизайн дӯхтани ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шуд. Тарҳи ниқоб аз тарафи мутахассисони факултет бо назардошти меъёрҳои стандартӣ кашида шуда, бо ҷалби омӯзгорони мутахассис ва донишҷӯён дӯхтани онҳо оғоз гардид.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ҳолати зарурӣ зиёда аз 6000 кормандон ва донишҷӯёни худро бо ниқобҳои тиббӣ пурра таъмин намояд. Инчунин ҳаҷми истеҳсол зиёд карда шуда, ба дигар муассисаю корхонаҳо низ ниқобҳои тиббӣ пешниҳод карда мешаванд.
Барои дӯхтани ниқобҳо маҳсулоти пахтагини истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла матоъҳои пахтагини истеҳсоли корхонаи «Нассоҷии тоҷик» истифода бурда мешаванд. То имрӯз зиёда аз 1300 адад ниқобҳои тиббӣ омода карда шудаанд.
Дар доираи лоиҳаи «Навсозӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бахши қолинбофӣ ва сӯзанидӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар корхонаҳои КВД «Гулдастон» ва ҶСК «Суман» барои 15 нафар шогирдон дар бораи тарзи истеҳсоли ниқоби тиббӣ семинари омӯзишӣ доир карда шуд.








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






