Дар Хатлон дар моҳҳои аввали соли 2020 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст
БОХТАР, 14.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон моҳҳои охир ҳаҷми исетҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд шуда, маҷмӯи маҳсулоти умумӣ дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2019 105,1% афзун шудааст, иттилоъ медиҳад идораи омори вилоят.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар семоҳаи аввали соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 565 миллиону 735 ҳазору 400 сомониро (бо нархҳои қиёсшаванда) ташкил дод. Аз ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ он ба 12 миллиону 250 ҳазор сомонӣ, дар чорводорӣ ба 553 миллиону 485 ҳазору 300 сомонӣ расидааст.
«Дар муддати се моҳ дар вилоят дар ҳамаи шаклҳои идоракунӣ 1967 тонна сабзавот истеҳсол шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 2,3 маротиба зиёд аст»,- гуфт манбаъ.
То 1 апрел дар вилоят гармхонаҳо дар масоҳати 33,8 гектар фаъолият намуданд, ки дар онҳо истеҳсоли 336,9 тонна сабзавот, аз ҷумла, 231,1 тонна помидор, 34,7 тонна бодиринг, 89,1 тонна маҳсулоти дигари парвардахонаӣ ба роҳ монда шудааст.
«Бо мақсади татбиқи Барномаи рушди боғдорӣ дар соли 2020 бунёди боғу токзори нав дар масоҳати 1126,0 гектар пешбинӣ шудааст. Татбиқи барнома 51,8% -ро ташкил дод, ки 376 гектари он аз заминҳои лалмӣ иборат аст. Илова бар ин, 290,5 гектар боғу токзори кӯҳна барқарор крада шуданд»,- хабар доданд аз Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон.
АКС аз бойгонӣ








Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад






