Дар Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода машварати корӣ доир гардид

Апрель 20, 2020 10:30

ДУШАНБЕ, 20.04.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар машварати корие, ки дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода доир гардид, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Дар машварат ҳамзамон вусъатбахшии иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самаранок ба роҳ мондани маъракаи кишту корӣ баҳорӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар машварат Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Амонулло  Салимзода, раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода, кормандони дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсату шуъбаҳо, корхонаву ташкилот, соҳибкорон, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони хоҷагиҳо ва маҳаллаҳои шаҳри Ҳисор иштирок  доштанд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи корҳои бунёдкорию ободонӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 600 иншооти таъиноти гуногун   ба истифода дода мешаванд. Дар раванди ободонию бунёдкорӣ аз ҷониби  соҳибкорони шаҳр низ иншооти дорои таъйиноти гуногуни иҷтимоию маишӣ, аз  қабили  бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои хизматрасонӣ, толорҳои  варзишӣ, кошонаҳои ҳусн, ҳаммом, нуқтаи  савдо  ва шустушӯи нақлиёт ва  инчунин синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардидаанд, ки дар баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва  беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ нақши муассир мегузоранд

Сокинони шаҳри Ҳисор дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дучанд меҳнат  намуда,  дар раванди корҳои созандагию ободонӣ дар ҷамоатҳои деҳот саҳми  гузошта, ният доранд ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас  истиқбол гиранд.

Апрель 20, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид