Дар Маҷлиси намояндагон доир ба Қонун «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» хониши парлумонӣ баргузор гардид

Апрель 16, 2020 16:00

ДУШАНБЕ, 16.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода дар мавзӯи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» хониши парлумонӣ баргузор гардид. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Аз рӯи масъалаи мазкур вакили мардумӣ Абдураҳим Холиқзода иброз дошт, ки «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»  муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ танзим намуда, принсипҳои асосӣ, мафҳум, намуд, низом, таносуби байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эътибори ҳуқуқӣ, тартиби умумии таҳия, экспертиза, қабул, интишор, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, амал, тафсир, мураттабсозии онҳо ва роҳҳои ҳалли ихтилофоти ҳуқуқиро муайян мекунад».

Фаъолияти Маҷлиси намояндагон, — гуфт мавсуф, дар ҳаллу фасли проблемаҳои ҷомеа ва масъалаҳои байналмилалӣ арзанда, таъсиргузор ва омӯзанда мебошад.

«Бахусус дар марҳилаи кунунӣ фаъолияти Парлумони касбии мамлакат бо қабули қонунҳои мардумӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ва рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ таъсиргузор ва арзандаи омӯзиш мебошад», — афзуд вакили мардумӣ.

Зикр шуд, ки фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Тоҷикистон бо мақсади эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба роҳ монда мешавад.

«Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мақсаду мазмуни қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии Тоҷикистон, фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии ҳамаи субъектони ҳуқуқэҷодкунандаро ташкил медиҳанд. Инчунин санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, низоми ягонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат мебошанд», — афзуд Абдураҳим Холиқзода.

Аз рӯи масъалаи муҳокимашуда қарори дахлдор қабул шуд.

Апрель 16, 2020 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид