Дар Маҷлиси намояндагон доир ба Қонун «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» хониши парлумонӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода дар мавзӯи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» хониши парлумонӣ баргузор гардид. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Аз рӯи масъалаи мазкур вакили мардумӣ Абдураҳим Холиқзода иброз дошт, ки «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ танзим намуда, принсипҳои асосӣ, мафҳум, намуд, низом, таносуби байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эътибори ҳуқуқӣ, тартиби умумии таҳия, экспертиза, қабул, интишор, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, амал, тафсир, мураттабсозии онҳо ва роҳҳои ҳалли ихтилофоти ҳуқуқиро муайян мекунад».
Фаъолияти Маҷлиси намояндагон, — гуфт мавсуф, дар ҳаллу фасли проблемаҳои ҷомеа ва масъалаҳои байналмилалӣ арзанда, таъсиргузор ва омӯзанда мебошад.
«Бахусус дар марҳилаи кунунӣ фаъолияти Парлумони касбии мамлакат бо қабули қонунҳои мардумӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ва рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ таъсиргузор ва арзандаи омӯзиш мебошад», — афзуд вакили мардумӣ.
Зикр шуд, ки фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Тоҷикистон бо мақсади эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба роҳ монда мешавад.
«Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мақсаду мазмуни қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии Тоҷикистон, фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии ҳамаи субъектони ҳуқуқэҷодкунандаро ташкил медиҳанд. Инчунин санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, низоми ягонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат мебошанд», — афзуд Абдураҳим Холиқзода.
Аз рӯи масъалаи муҳокимашуда қарори дахлдор қабул шуд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






