Дар Парлумони Тоҷикистон се фраксияи ҳизбҳои сиёсӣ ва як гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ ба қайд гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 16.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон се фраксияи ҳизбӣ ва як гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ ба қайд гирифта шуданд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар робита ба ин зимни ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 15 апрел таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, қарори дахлдор қабул шуд.
Тибқи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастури Маҷлиси намояндагон вакилони мардумӣ барои изҳори дастаҷамъонаи ақидаҳои сиёсӣ, амалӣ гардонидани барномаҳо ва ҳадафҳои пешазинтихоботии худ ҳуқуқ доранд дар фраксияву гурӯҳҳо муттаҳид шаванд.
«Бо назардошти меъёрҳои муқарраргардида ва қабули қарори дахлдори Маҷлиси намояндагон дар палатаи поёнии Парлумони мамлакат се фраксияи ҳизбҳои сиёсӣ ва як гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ таъсис ёфта, ба қайд гирифта шуданд», — афзуд манбаъ.
Тибқи қарори қабулгардида, фраксияҳои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ҳайати 42 нафар, Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар ва Гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ дар ҳайати 5 нафар дар Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифта шуданд.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






