Дар шаҳри Кӯлоб даври дуюми озмун барои квотаи президентӣ баргузор гардид

Апрель 14, 2020 11:08

КӮЛОБ, 14.04.2020 /АМИТ«Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб даври дуюми озмун барои квотаи президентӣ доир гардид. Квотаи президентӣ бо мақсади муайян ва интихоб намудани хонандагони болаёқат ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои олии мамлакат гузаронида мешавад.

Давоми 22 соли охир тибқи ин квота садҳо нафар довталабон ба муассисаҳои олӣ ва касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, баъди хатм ҳамчун мутахассисони соҳаҳои гуногун дар шаҳру ноҳияҳо фаъолияти хешро идома дода истодаанд. Дар шаҳри Кӯлоб ҳамасола шумораи довталабон барои дарёфти квотаи президентӣ дар ҳоли афзоиш аст.

Тавре котиби комиссияи квотаи президентӣ дар шаҳри Кӯлоб Гулчеҳра Шомадова иттилоъ дод, «квота аз рӯи низомнома ва риояи коидаҳои муайянкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Барои шаффоф гузаронидани озмуни мазкур тамоми шароит муҳайё гардидааст ва волидайну омӯзгорон озодона метавонанд ҷараёни онро назорат баранд».

Сокини шаҳри Кӯлоб  ва довталаб Ҳабибулло Амроев мегӯяд, ки «ман тасмим гирифтам аз рӯи касби таъриху ҳуқуқ ба донишгоҳ дохил шуда, баъди гирифтани маълумоти олӣ ҳамчун мутахассиси ҷавон  ба халқу Ватан хизмат намоям. Ман аз хурдӣ завқ доштам, ки  омӯзгор шавам ва ба хонандагон илм омӯзам».

Ба гуфтаи Гулчеҳра Шомадова,  аз шумораи 818 нафар довталабон 99 нафар беҳтаринҳо ба даври навбатӣ роҳхат гирифта, баъди супоридани имтиҳон тариқи тестӣ ва суҳбат соҳиби квота хоҳанд шуд.

Апрель 14, 2020 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст