Дар Тоҷикистон дар майдони беш аз 16 ҳазор гектар пиёзи баҳорӣ кишт гардидааст

Апрель 26, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 26.04.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Кишоварзони водии Вахш ва бештари ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ҷамъоварии сабзавот, аз ҷумла пиёзи барвақтӣ машғул мебошанд. Тибқи иттилои Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мамлакат то 17 апрел 18 ҳазору 420 тонна маҳсулоти сабзавотӣ ҷамъоварӣ ва ба бозор пешниҳод гардидааст. То имрӯз дар мамлакат дар майдони 16 ҳазору 114 гектар пиёзи баҳорӣ кишт гардидааст.

Тавре сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррухиддин Набизода зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои асосии мамлакат ва Вазорати кишоварзӣ мебошад.

Пиёз яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дониста мешавад, зеро дар бештари таомҳо аз пиёз фаровон истифода мебаранд.

Фаррухиддин Набизода зикр намуд, ки дар шароити Тоҷикистон пиёзро дар се давра: аввали баҳор, тирамоҳ  ва зимистон мекоранд. Ғайр аз ин, барои гирифтани пиёзи кабуди тирамоҳӣ ва аввалибаҳорӣ тухмиро моҳи август низ мекоранд. Кишти  аввали баҳории  пиёзро  охири  феврал-аввали март мегузаронанд. Ин давраи кишт дар  ҷумҳурӣ васеъ паҳн гаштааст. Зеро сабзаҳои пиёз аз намиҳои хок, ки аз тирамоҳ захира шудаанд  ва  намиҳои  аввали баҳор хуб нашъунамо мекунанд.

Олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки дар сурати дертар кишт намудан, яъне дар моҳи апрел ҳосили пиёз кам мешавад.  Сабаб дар он аст, ки дар ҳарорати баланд қисми рӯихокии пиёз назар  ба  бехаш зудтар инкишоф меёбад. Бинобар ин, дар  заминҳои  дер кишткардашуда растанӣ суст инкишоф меёбад.  Ғайр аз ин, вақте ки бориш кам ва ҳарорат баланд мешавад, нешзанӣ бад мегардад. Пиёзи аввалибаҳорӣ моҳи сентябр пухта мерасад ва тамоми зимистон нағз меистад.

Кишти тирамоҳии пиёзро даҳаи дуюми моҳи сентябр мегузаронанд  ва нешзадҳо охирҳои  моҳи сентябр ва аввали моҳи октябр  пайдо  шуда, то зимистон 8-10 см қад  мекашанд. Кишти чунин пиёз аввал ва миёнаҳои моҳи май, яъне се моҳ пас аз кишти аввалибаҳорӣ  мепазад.

Дар вақти парвариши пиёз растаниҳо гулпоя медиҳанд, ки онҳоро баробари пайдо шуданашон канда партофтан зарур аст.

Ба гуфти олимони соҳаи кишоварзӣ, дар таркиби пиёзи бехӣ 14-16 %  моддаи хушк, то 7,8-11%  қанд, ба миқдори зиёд витаминҳои А, В,В1,В2,РР мавҷуд аст.  Пиёзро  ҳамчун  хӯрокӣ барои  тайёр кардани консерваҳо истифода мебаранд.

Барои пиёзкорӣ заминҳои хокашон мулоими  серпору ва аз алафҳои бегона тозабуда хуб аст. Хоки сергили вазнин ва сералаф барои  кишти пиёз мувофиқ нест. Дар чунин хок нешзадаҳо аз сафолак осеб дида, хеле тунук  мерӯяд. Барои пиёзкорӣ баъди зироати карам, бодиринг, помидор кишту парвариш хуб мебошанд. Баъди ин  зироат майдон  аз алафҳои бегона тоза мешавад. Дар ҳамон як майдон танҳо баъди 4 сол пиёз коштан  мумкин аст. Пиёз  ба нуриҳои  органикию  минералӣ  серталаб  аст, аммо  андохтани  поруи  нав  таъсири  манфӣ  дорад, зеро он пухта расидани пиёзро  кашол медиҳад, аксар вақт касал шуда, нигоҳдориаш  бад  мегардад.  Инчунин  ҳангоми  андохтани  поруи  нав  дар  киштзор  алафҳои  бегона  зиёд  мешаванд, ки  барои  тоза  кардани  он  меҳнати  иловагӣ  зарур  мешавад. Аз ин рӯ,  поруи  навро  ба  зироати  пешинакишт  андохтан  лозим аст.  Ба  ҳар гектар  20-30  тонна  поруи  пӯсида  пеш  аз  шудгори  тирамоҳӣ  меандозанд.  Хуб  мешуд,  агар  якҷоя  бо  пору  ба  ҳар  гектар  барои як сотих 5-6 кг  суперфосфат  ва  1-1,3  кг сулфати калий андохта мешуд.

Олимони кишоварзии мамлакат барои онҳое, ки замини наздиҳавлигӣ доранд, парвариши пиёзро манфиатбахш арзёбӣ мекунанд. Ба тавсияи олимон дар шароити хона, баъди шудгор (побел) кардан, заминро бо каланд нарм намуда, кулӯхҳоро майда карда, заминро ҳамвор  кардан лозим аст. Баъд аз ин, вобаста ба муҳлати кишт ҷӯякҳоро дар масофаи 45-70 см кашидан зарур аст.  Тухмиро дастӣ ба болои пуштаҳо пошида, коридан лозим аст.  Дар вақти пошидани тухмӣ  кӯшиш кардан даркор аст, ки тухмӣ ба рӯи замин якхела пош хӯрда,  дар  як ҷой ғафсу  дар  ҷои  дигар  тунук  наафтад.  Баъд аз коридан тухмии пошидаро бо хаскашак зери  хок  кардан  лозим аст. Дар  вақти  бо хаскашак зери хок кардан, якбора кулӯхчаҳоеро, ки  ҷамъ мешаванд, кӯфта, майда мекунанд.

Дар  Тоҷикистон  навъҳои зерини пиёз ноҳиябандӣ ва тавсия шудаанд: Испании 313, пиёзи сурхи самарқандӣ, Алдоба, Сибир, Волф-F1, Техаси барвақтӣ ва дар кишти баҳорӣ  Баракат.

Кишти пиёзро ду маротиба ягонаю хишова мекунанд. Ягонакунии якумро баъди себарга шудан мегузаронанд, ки фосилаи байни растаниҳо бояд 3-4 см монад.  Ягонакунии дуюмро баъди як моҳи дигар мегузаронанд ва фосилаи байни растаниҳоро 5-6 см мемонанд.

Канда партофтани гулпоя яке аз корҳои ҳатмии пиёзпарварӣ мебошад.  Поягулҳоро дар вақти пурра сарак пайдо кардан  кандан лозим аст.  Агар он сари вақт канда нашавад, бехпиёзҳо хурд шуда, ҳосил кам  мешавад. Ҳамчунин дар давраи нашъунамо  се  маротиба ғизои иловагӣ медиҳанд-  баъди хишоваи якум, баъди 20-25 рӯзи дигар ва ғизои сеюмро баъди як моҳи ғизои дуюм медиҳанд. Бояд гуфт, ки баъди ҳар ғизодиҳӣ об додан зарур аст.

Пиёз зироати ба об серталаб мебошад, бинобар ин, бо сабаби кам шудани  намии хок ҳосили пиёз ҳам кам мешавад.  Миқдори  обмонии пиёз ба шароти иқлим (боду  ҳаво), сохтори хок ва талаботи худи растанӣ вобастагӣ дорад.  Вобаста  ба  шароити  мазкур ба кишти пиёз аз 10 то 12 маротиба об мондан зарур аст.

Зимни парвариш ва нашъу намои пиёз бемориҳои гуногун, аз ҷумла, ҳашарот  зарари зиёд мерасонанд. Яке аз инҳо пашшача-ҳашароти ашаддии пиёз мебошад.  Пашшачаи пиёз дар баргҳо ва қарибии буттаҳои пиёз тухм  мегузорад, ки дар  натиҷа аз тухмҳо кирмчаҳои сафеди майда пайдо шуда, ба пиёз  зарар мерасонад. Яке аз роҳҳои осони мубориза бар зидди ин ҳашарот- ин дар бари  пиёз сабзӣ коридан аст. Бӯи махсуси сабзӣ пашшаи  пиёзро метарсонад  ва  он  ба  кишти пиёз кам наздик мешавад. Инчунин пашшаро бо роҳи истифодаи хокистару креолин тарсонидан мумкин аст. Барои  ин  як  ҳисса  креолинро  бо  20  ҳисса хокистар ҳамроҳ карда, дар  байни ҷӯякҳо пошидан зарур аст.

Пиёз навъҳои саҳроӣ ва бӯстонӣ дорад. Саҳроияш бештар дар чашмасору кӯҳҳо месабзад, таъми барг ва бӯйи он монанди пиёзи зироатӣ аст. Вале қуввати ин назар ба бӯстонӣ зиёдтар мебошад. Пиёзи зироатӣ, яъне навъи бӯстонии он сафед, сурх ва зард мешавад.

Беҳтарини ҳамаи ин навъҳо сафед, калон ва обдори он аст.  Мизоҷаш дар дарачаи севум гарм ва хушк аст.

Табибон тавися медиҳанд, ки агар пиёзро бихӯранд, гиреҳҳоро мекушояд, иштиҳо ба таомро зиёд месозад. Хусусан агар онро бо гӯшти равғандор пухта бихӯранд, зарари ҳавои вабоӣ ва тоунро дафъ мекунад. Агар хоми онро бо нон бихӯранд, ҳайз ва пешобро равон мекунад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Инчунин онро дар об муҳарро пухта, бихӯранд, дарунро мулоим мегардонад ва оруғи туршро басанда месозад.  Ё ки инро бо чарбӣ ва дунба пухта бихӯранд, узвҳои даруни сина ва шушро аз ахлоти часпак пок мекунад. Ва агар инро бо сирко пухта бихӯранд ё як шабонарӯз дар сирко таркардаи онро биошоманд, барои зардпарвин ва иллатҳои сипурз даво мешавад, иштиҳоро ба таом бармеангезад; узвҳои ҳозимаро, ки иборат аз меъда, чигар, рӯдаҳо ва сипурз мебошанд, кувват мебахшад: беҳузур (беҷо) шудани дилро, ки сабабаш зиёд гаштани сафро ва балғам дар меъда бошад, манъ менамояд. Агар худашро танҳо бихӯранд, зарари ҳавоҳои мурдорро нест ва газанди заҳрро дафъ мекунад.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Апрель 26, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Лоиҳаи «Таҳкими идоракунии молияи давлатӣ ва шаффофияти буҷетӣ дар Тоҷикистон» муаррифӣ гардид
Дар шаҳри Конибодом корхонаи коркарди зардолу бунёд мешавад
Дар Тошканд ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Корея баррасӣ шуд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намуданд
Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид