Дар «Тоҷтекс» истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва хилъатҳои муҳофизатии махсуси тиббӣ ба роҳ монда шуд
ДУШАНБЕ, 06.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҶДММ «Тоҷтекс» бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва хилъатҳои муҳофизатии махсуси тиббӣ дар асоси фармоиши мизоҷон ба роҳ монда шуд.
Бо мақсади шинос шудан бо фаъолияти корхонаи мазкур Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода аз ин корхона дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори корхона дар як рӯз истеҳсоли 10 000 дона ниқобҳои тиббӣ буда, сифати он ба стандартҳои ҷорӣ ҷавобгӯ мебошад.
ҶДММ «Тоҷтекс» дар шаҳри Душанбе воқеъ гардида, ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ машғул мебошад. Дар корхона зиёда аз 160 дастгоҳи дӯзандагӣ васлу насб карда шуда, барои 200 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё карда шудаанд.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагии мамлакат, аз қабили ҶДММ «Сифат Саноат», ҶСК «Гулистони Душанбе», ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶДММ «Тоҷтекс», ҶДММ «Ноҳид», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «САТН», ҶДММ «Фарм Суғд», КВД «Нури Ховар», ҶДММ «Кооператор», ҶДММ «Фармтекс», ҶДММ «КоТа Глобал» истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамзамон бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии мамлакат дар ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» истеҳсоли рахти хоб, ҷойпӯшҳо ва либосҳои беморхонагӣ аз матои пахтагин, дар ҶСК «Гулистони Душанбе» хилъатҳои муҳофизатии махсуси тиббӣ, дар ҶДММ «Сифат Саноат» хилъатҳои тиббӣ ва дар ҶДММ «Фармтекс» истеҳсоли маҳсулоти косметологӣ, истифодаи гигиенаи шахсӣ ва докаи тиббӣ дар асоси фармоиши мизоҷон ба роҳ монда шудааст.








Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид






