ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Хоруғ 1500 бех дарахт мешинонанд
ДУШАНБЕ, 24.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар мавсими имсола дар ҳудуди шаҳри Хоруғ 1500 бех дарахтон шинонида мешаванд, ки аз он 700 бех дарахтони ороишӣ, 600 бех дарахтони сояафкан ва 200 бех дарахтони мевадиҳанда мебошанд. То имрӯз дар ҳудуди шаҳр 600 бех дарахтони ороишӣ, 200 бех дарахтони мевадиҳанда ва 700 бех гули садбарг шинонида шудаанд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар гармхонаҳои шаҳри Хоруғ, ки 240 метри мураббаъро ташкил медиҳанд, навъҳои гуногуни гул кӯчат шудаанд. Дар маҳаллаи Тирчид дар масоҳати 82м2 гармхонаи замонавӣ сохта шудааст, ки дар он гулҳои гуногун парвариш ёфта истодаанд.
Аҳолии шаҳри Хоруғ барои обёрӣ кардани заминҳои наздиҳавлигӣ аз каналҳои ба номи «Темур», «Додихудоев» ва «Шош Хоруғи Поён»-и шаҳри Хоруғ истифода мебарад. Шурӯъ аз аввали моҳи марти имсол кормандони мақомоти шаҳрӣ ва вилоятӣ ҳар рӯзи шанбе ҳашарҳо гузаронида истодаанд. Барои таъмири канали «Темур» дар масофаи 200 метр дар маҳаллаи Бархоруғ ва 80 метр дар маҳаллаи Хичордев масолеҳи сохтмонӣ таъмин карда шуда, кор дар каналҳои шаҳри Хоруғ давом дорад.
Ҳамчунин барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани истеъмолкунандагони шаҳр аз 71,2 км хатҳои обгузар ва чор манбаи обтаъминкунӣ истифода бурда мешавад.
Дар шаҳр 4 обанбор мавҷуд буда, ҳар яки онҳо нигоҳдории 2000м3 обро доро мебошанд, ки дар маҷмӯъ 8000 м3-ро ташкил медиҳад. Истеҳсоли оби нӯшокӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ва манбаъҳои обтаъминкунии шаҳр дар як шабонарӯз 12 537 м3 -ро ташкил медиҳад.








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






