Доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев: «Аз номусоидии табиат набояд ҳаросид!»

Апрель 9, 2020 14:02

ДУШАНБЕ, 09.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз рух додани ҳодисаҳои табиӣ набояд ноумед гардем, зеро деҳқонони асили тоҷик бо чунин ноҷӯриҳои табиат борҳо рӯ ба рӯ гашта, бо меҳнати софдилона ва арақи ҷабин онҳоро паси сар кардаанд. Танҳо деҳқононро зарур аст, ки дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа корҳои агротехникӣ, коркарди байни қаторҳои растаниҳо, ғизодиҳии иловагиро пурзӯр намоянд. Ин матлабро мудири озмоишгоҳи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ, доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ ПАРТОЕВ дар робита ба ҳавои номусоиде, ки шаби гузашта ба амал омад, ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иброз намуд.

Хисороти барфи боридаи шаби гузашта дар заминҳои кишти зироати картошка, помидор, сабзӣ, полезиҳо, инчунин боғоте, ки дар давраи гулкунӣ қарор доштанд, дарахтони мевадиҳанда, ё ин ки аз гул фаромадани дарахтон, дар киштзори пахта, ғалладонагиҳо бештар ба чашм мерасанд.

Дар робита ба ин олими тоҷик Қурбоналӣ Партоев ба кишоварзони ҷумҳурӣ тавсия дод, ки дар киштзори картошка, ки аллакай ниҳолҳо неш зада баромада буданд, шояд ба онҳо сармо таъсир карда бошад, аз онҳо мўғчаҳои иловагӣ боз сабзида, ҳосил ба даст овардан имкон дорад. Дар чунин қитъаҳои заминҳо корҳои нарм намудани назди ниҳолҳо, ғизодиҳии иловагӣ, махсусан тавассути гузаронидани шарбатобмонӣ (бо истифода аз омода сохтани шарбатоб аз порўҳои чорвои калони шохдор, дар қитъаҳои кишти зироат) метавонад  ба растаниҳо кумаки зарурӣ расонида, ҳосил ба даст оварда шавад.

Дар заминҳои кишти помидор, бодиринг, тарбузу харбуза, сабзӣ  агар сардии ҳаво боиси нобуд гаштани онҳо гашта бошад,  бояд кишти такрории ин зироат гузаронида шавад.

Ба киштзори пиёз, пиёзи сармисоқ (чеснок) ва дигар кабудиҳо сардӣ камтар осеб расонидааст. Бо додани ғизои иловагӣ бо истифода аз миқдори зарурии нуриҳои органикиву маъданӣ метавон ба нашъу намои онҳо кумак намуда, ҳосили дилхоҳ ба даст овард.

Дар боғот бояд нарм намудани назди ниҳолҳо, андохтани нуриҳои органикӣ, аз қабили порўи пўсида ва дигар нуриҳои органикӣ ва инчунин нуриҳои маъданӣ бояд васеъ истифода намуд. Ба ҳар як бехи дарахтони ҷавони то панҷсола, миёнаумри то 15-20- сола ва калонумри бештар аз 30-солаи зардолу, себ, нок, гелос, олуча, себи биҳӣ, хурмо, анор, анҷир ва ғайраҳо додани нуриҳои маъданӣ ва органикӣ (нуриҳои маъданӣ, аз қабили нитроген, фосфор ва калий, ба миқдори аз 200 то  400 г/дарахт ва нуриҳои органикӣ — 3-5 кг/дараст) ба ҳосилбандии онҳо кумаки зарурӣ  расонида метавонад.

Махсусан тавассути сари вақт гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ, аз қабили нарм нигоҳ доштани назди ниҳолҳо, додани нуриҳои маъданӣ ва органикӣ, инчунин мубориза ба муқобили ҳашароту зараррасонҳо сабаби ба даст овардани ҳосили дилхоҳ мегардад.

Гулпарварон ва лолакорони мамлакат бояд ба растаниҳо барои пурра расидани лўндаҳои тухмӣ барои соли оянда ғизодиҳии илвагӣ, аз қабили нуриҳои маъданӣ ва органикиро ба роҳ монанд.

Барои зироати лиму, афлесун, мандарин ва ғайраҳо ҳам дар гармхонаҳо бояд ғизодиҳии иловагӣ, муборизаи зидди ҳашарот ва касалиҳои растаниҳоро боз ҳам тақвият бахшид.

Мудири озмоишгоҳи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ, доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев ба деҳқонони мамлакат муроҷиат намуда, зикр кард, ки «аз ин пайомади номусоиди табиат набояд дилшикаста шавем. Ин барфи борида аз моҳияту файз холӣ нест. Дар натиҷаи ин бориш дар мамлакат, махсусан дар заминҳои кӯҳистону водӣ намии хок хеле ғанӣ гашта, барои пурфайз гаштани хоку замини диёрамон имконияти хуб пеш меояд».

ДАР АКСҲО: Боришоти барф дар Душанбе (09.04.2020)

Апрель 9, 2020 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд