Фархор: «Амонатбонк» дар мавзӯи «Такмили маърифати молиявии аҳолӣ» машваратӣ омӯзишӣ доир намуд

Апрель 9, 2020 11:45

ДУШАНБЕ, 09.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар доираи моҳи саводнокии молиявӣ  дар Тоҷикистон ва Ҳафтаи байналмилалии  молиявӣ «Global Money Week-2020» дар филиали №61-и «Амонатбонк», воқеъ дар ноҳияи Фархор дар мавзӯи «Такмили маърифати молиявии аҳолӣ» машваратӣ омӯзишӣ доир намуд.

Аз «Амонатбонк»  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар машварати омӯзишӣ муовини раиси Раёсати «Амонатбонк» Шаҳло Сайфзода ба иштирокдорони  он доир ба имкониятҳои муосири  бонки мардумии

Тоҷикистон «Амонатбонк»  иттилоъ дода,  гуфт, ки ҳадафи баргузории Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ «Global Money Week-2020» баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон ва дар ниҳоди онҳо сайқал додани малакаи соҳибкорӣ мебошад.

Дар ҷараёни  машварати омӯзишӣ  ба иштирокдорон дар бораи нақши пул, қоидаҳои идоракунии пул, банақшагирии молиявӣ ва буҷети оила, таваррум ва таъсири он ба имкониятҳои иқтисодии давлат ва субектҳои хоҷагидор, нақши бонкҳо дар рушди иқтисодиёт  маълумоти мукаммал дода шуд.

Тибқи иттилои сарчашма, чорабиниҳо  дар доираи «Global Money Week-2020»  дар дигар  филиалҳои «Амонатбонк» ва марказҳои хизматрасониҳои бонк  идома дошта, моҳи апрел бо мақсади баланд бардоштани  саводнокии молиявии хонандагону донишҷӯён мутахассисони «Амонатбонк» омӯзишҳо мегузаронанд.

Ҳамзамон иштирокдорони фаъоли омӯзишҳо бо туҳфаҳои хотиравии бонки мардумии Тоҷикистон — «Амонатбонк» сарфароз гардонида мешаванд.

Апрель 9, 2020 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст