Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» барои пешгирии пайдоиши COVID-19 дар Тоҷикистон панҷсад ҳазор сомонӣ ҷудо намуд
ДУШАНБЕ, 04.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. ҶДММ КМ «Хуаксин Ғаюр Семент», ки ба Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» шомил аст барои пешгирии пайдоиш ва паҳншавии COVID-19 дар ҷумҳурӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 500 000 сомонӣ ҷудо намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» хабар доданд.
Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» тадбирҳои роҳандозинамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба пешгирии пайдоиш ва паҳншавии пандемияи сироятии COVID-19 дар қаламрави мамлакат пурра тарафдорӣ менамояд.
«Мо, аз ҷумла дар тамоми ширкатҳои Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр», барои амалисозии чорабиниҳои маҷмаавии профилактикӣ ва санитарию гигиении қабулшуда кӯшиш ба харҷ медиҳем.
Қисми муҳими фаъолияти корхонаҳои мо, ки «Хуаксин Ғаюр Семент» ба шумори онҳо мансуб аст, принсипҳои масъулияти иҷтимоии корпоративӣ мебошанд. Барои амалигардонии ҳамин принсипҳо, мо фонди хайриявии “Ман Тоҷикистонро дӯст медорам!»-ро ташкил додаем, ки лоиҳаҳоеро, чун сохтмони мактабу кӯдакистонҳо, роҳҳову пулҳо маблағгузорӣ менамояд.
Мо ҳамеша кӯшиш менамоем, ки дар рушди мамлакат ва беҳбудии ҷомеа саҳмгузор бошем»,- иброз доштанд ба хабарнигор АМИТ «Ховар» дар Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр».








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






