Кӯлоб: баъди ба фурӯш баровардани тухми фабрикаи мурғпарварии «Саман» дар шаҳр нархи ин маҳсулот паст шуд

Апрель 15, 2020 17:33

КӮЛОБ, 15.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Боиси хушҳолист, ки баъди ба фаъолият оғоз намудани фабрикаи мурғпарварии  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саман» дар шаҳри Кӯлоб тухм, ки яке аз маҳсулоти серхаридор маҳсуб мешавад, дар бозорҳои шаҳр фаровон гардида, бо нархҳои арзон пешниҳоди  сокинон мегардад.   Агар пештар 30 дона тухм 27-28 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло арзиши он ба 21-22  сомонӣ фаромадааст. Харидорон бо нархи дастрас  маҳсулоти босифати маҳаллӣ харида метавонанд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов хабар медиҳад, соҳибкорони шаҳри Кӯлоб дар Ҷамоати деҳоти Кӯлоб фабрикаи парандапарварӣ ба истифода доданд, ки аллакай маҳсулоти он дар бозору марказҳои савдо пешниҳоди сокинон мегардад. Фабрикаи мазкур моҳи сентябри соли 2019 фаъол гардида, дар он таҷҳизоти муосири соҳавӣ васлу насб шудааст.

Тавре соҳибкор Масидиқ Одинаев иттилоъ дод, барои ба истифода супоридани чунин фабрикаи муосир Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саман» давоми панҷ сол мутахассисонро дар дохил ва хориҷи мамлакат омода намуд. Мутахассисони ҷавон баъди анҷоми таҳсил муосиртарин таҷҳизоти соҳаро интихоб ва барои бунёди фабрика ҷои мувофиқ интихоб намуданд. Навад фисади амалиёт дар он тариқи автоматӣ сурат мегирад. Ҳолати санитарию эпидемиологӣ ва қоидаҳои нигоҳубини паранда қатъиян риоя мегарданд. Директори фабрика Холмуҳаммад Одинаев афзуд, ки дар навбати аввал дар фабрикаи мазкур қисмати якум ба кор дароварда шудааст, ки дар он 50 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад. Аз оғози фаъолияти фабрика 40 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд, ки аксари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд. Баъди бо иқтидори пурра фаъол шудани он шумораи коргарон ба 200 нафар мерасад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафи чорум-  саноатисозии  босуръати мамлакат аз ҳама роҳу воситаҳо истифода мебарад. Аз ҷумла, барои соҳибкорон  дар  бунёду фаъолгардонии коргоҳу корхонаҳои саноатӣ  имтиёзҳо муқаррар гардидааст. Ин аст, ки давоми як соли охир дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат даҳҳо коргоҳу корхонаҳои бузург мавриди истифода қарор гирифтанд.

Апрель 15, 2020 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад