«Кишоварз» — пешниҳоди нави қарзҳо аз ҷониби «Амонатбонк» ба муштариён
ДУШАНБЕ, 24.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии мамлакат–таъмини амнияти озуқаворӣ иқдоми пешниҳоди қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Кишоварз» роҳандозӣ намудааст.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯзи Раҳмат иттилоъ дод.
Қарз ба муштариён аз 3 то 500 ҳазор сомонӣ бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ пешниҳод гардида, муҳлаташ аз 6 моҳ то се солро дар бар мегирад. Ҳамзамон дар пардохти қарзи асосӣ аз 2 то 6 моҳи давраи аввали гирифтани қарз имтиёз фароҳам оварда мешавад.
Меъёри фоизи солонаи қарз бо пули миллӣ 18 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 10 фоиз, меъёри фоизи моҳонаи қарз бо пули миллӣ 1,5 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 0,8 фоизро ташкил медиҳад.
Иқдоми мазкур то моҳи майи соли равон амал мекунад.








Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст






