Кишоварзони Исфара дар 1700 гектар кишти такрории зироатро анҷом медиҳанд
ДУШАНБЕ, 20.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара тасмим гирифтааст, ки соли равон ҳаҷми майдони кишти картошкаро 40 фоиз ва майдони кишти такрориро 100 фоиз зиёд намояд. Кишоварзони Исфара мақсад доранд, ки соли равон ба ҷойи 1000 гектари соли 2019 дар 1400 гектар картошка кишту парвариш намуда, ҳамзамон дар 1700 гектар кишти такрории зироатро анҷом диҳанд, ки назар ба нишондоди соли гузашта ду баробар зиёд аст.
Майдони умумии кишти баҳорӣ 2906 гектар буда, то 18 апрел дар 901 гектар зироат кишт карда шудааст.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар медиҳад, дар ин бора зимни боздиди раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода аз деҳоти Чоркӯҳ ва Ворух иттилоъ дода шуд.
Тибқи иттилои сухангӯи шаҳрдори Исфара Иқбол Тешаев, раиси шаҳр дар аснои боздид бо ҷараёни маъракаи кишт ва парвариши зироати кишоварзӣ аз наздик шинос гардида, пас аз шиносоӣ бо вазъу ҳолати воқеии истифодаи заминҳои таъйиноти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ баҳри сари вақт кишт намудани зироат, истифодаи самараноки замин, гирифтани ду-се ҳосил ва захираи дусолаи маводи ғизоӣ тавсияҳо дод.
Акрам Сулаймонзода ҳамзамон ба манзили чанде аз сокинони деҳаи Чоркӯҳ рафта, бо ҳолати истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ шинос шуд.








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






