Кишоварзони ноҳияи Панҷ аввалин шуда дар ҷумҳурӣ ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз карданд

Апрель 4, 2020 08:45

ДУШАНБЕ, 04.04.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Хоҷагии деҳқонии «Фарғона» дар Ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфиддинови ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон  ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шурӯъ намуданд. Хоҷагидорон дирӯз  5 тонна пиёзи ғункардаашонро ба шаҳри Кӯлоб равон намуданд. Пиёзи барвақтӣ бо нархи аз 2,5 то 2,80 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

Тавре  муовини якуми раиси ноҳияи Панҷ  Шарофиддин Асомиддинзода иброз дошт,  дирӯз, 3 апрел аввалин шуда дар ҷумҳурӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ ва содироти дохилии  он оғоз гардид.

«Хоҷагии деҳқонии “Фарғона” дар 30 гектар замини дар ихтиёрдоштааш пиёз кишт кардааст, ки айни ҳол ҳосили 10 гектари он омода гардидааст.  Дар сурати пайдо шудани харидор кишоварзон метавонанд пиёзро ҷамъоварӣ намоянд. Дар ноҳияи Панҷ дар мавсими имсола дар майдони 370 гектар пиёз кишт шудааст. Тибқи арзёбии мутахассисон, аз ин майдон беш аз 10 ҳазор тонна ҳосил ғундоштан мумкин аст», — гуфт номбурда.

Апрель 4, 2020 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст