«КИТОБОШНОӢ». Таҳти ин унвон дар Китобхонаи ба номи А. Лоҳутии шаҳри Душанбе маҳфили адабӣ-фарҳангӣ фаъолият менамояд

Апрель 3, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 03.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷалб намудани аҳолӣ ба китобхонӣ дар Китобхонаи марказии шаҳри Душанбе ба номи А. Лоҳутӣ маҳфили адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Китобошноӣ» ба фаъолият оғоз намудааст. Ҳар нафаре, ки асари тозае таълиф кунад, онро метавонад дар ин боргоҳи ҳунар муаррифӣ намояд, то  дӯстдорони калому ҳунар аз он  бохабар шаванд.

Дар маҳфили адабӣ-фарҳангие, ки чанде пеш  доир гардид, китобҳои тозанашри номзади илмҳои санъатшиносӣ Мурод Эшонқулов зери унвони «Созҳои мусиқӣ дар низоми санъати шашмақом» ва «Созҳои миллии шашмақом»  муаррифӣ гардиданд.

Дар китобҳо ҷанбаҳои гуногуни асбоби миллии халқҳои Осиёи Марказӣ – тоҷикон ва ӯзбекон мавриди таҳқиқ қарор дода шудаанд. Ин асарҳоро пажӯҳишгарони асбоби миллии тоҷикӣ ва донишҷӯёне, ки дар риштаи мусиқӣ таҳсил мекунанд, ҳамчун адабиёти таълимӣ фаровон истифода мебаранд.

Тавре муаллифи китобҳо Мурод Эшонқулов изҳор намуд, жанри суннатии Шашмақом муаррифи фарҳанги миллати тоҷик маҳсуб шуда,  Пешвои миллат борҳо аз мутахассисони соҳа даъват ба амал оварданд, ки дар барқарор ва ворид намудани дигаргуниҳо ба китобҳои вобаста ба жанри шашмақом саҳми худро гузоранд. “Президенти мамлакат дар яке аз суханрониҳои хеш чунин таъкид карда буданд: «Гирд овардан, ҳифз кардан ва инкишоф додани ганҷинаи мусиқии касбии классикӣ ба тарбияву парвариши ҳунармандони болаёқати ин соҳа вобаста аст»,-афзуд номбурда.

Китоби «Созҳои мусиқӣ дар низоми санъати шашмақом» бештар ба истифодаи асбоби мусиқӣ дар низоми санъати шашмақом бахшида шудааст. Муаллиф зимни ҷамъоварӣ ва омӯзиши маводи илмӣ оид ба намудҳо, тарзи омодасозӣ, истифода, оҳанг ва садои асбоби мусиқӣ, мисли танбӯр, сато, дутор, чанг, уд, рубоби қошғарӣ ва афғонӣ, ғиҷҷак, доира, най ва қӯшнай маълумоти муфассалро пешкаши хонандагон кардааст. Дар китоб бобҳо оид ба таърих ва омӯзиши шашмақом, сохт ва ҷуршавии созҳои миллӣ ва таҳлили қисми мушкилот, яъне қисми навозиши шашмақом ҷой дода шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки 20 сол қабл бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 май Рӯзи шашмақом эълон гардид, ки он ҳамасола таҷлил карда мешавад. Инчунин 7 ноябри соли 2003 бахши фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО шашмақомро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгории маънавии инсоният эълон намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шашмақом ҳамчун шоҳкории безаволи савту каломи миллии тоҷикӣ умри дубора ва рушду такомули бесобиқа пайдо кард.

Апрель 3, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид