Корхонаи «Захира дар минтақаи Рашт» 480 тонна орд ва 500 тонна гандум захира намудааст

Апрель 18, 2020 11:47

РАШТ, 18.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи истеҳсоли орди Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт имрӯзҳо барои ба танзим даровардани нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал зиёда аз 500 тонна  гандум захира намуда, инчунин ба воситаи  мағозаҳои зертобеаш дар  ноҳияҳои Рашт 210 тонна орд, Ҷамоати деҳоти Сағирдашт 100 тонна, Сангвор 70 тонна,  Лахш 50 тонна ва  Тоҷикобод 50 тонна орди хушсифат захира намудааст. Корхона орди навъи якумро бо нархи 215 сомонӣ ва навъи дуюмро бо нархи 167 сомонӣ  ба сокинони ин ноҳияҳо пешниҳод намудааст. 

Дар ин бора  сармуҳосиби  Корхонаи фаръии «Захира дар минтақаи Рашт» Сироҷиддин Мирзоаҳмадов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  иттилоъ дод.

Корхонаи фаръии  «Захира дар минтақаи Рашт» имрӯзҳо дар ноҳияҳои мазкур  22 тонна шакарро ба маблағи 6 сомону 20 дирамӣ,  5000 литр  равғанро бо нархи  12 сомонӣ, 5 тонна макаронро бо нархи  5 сомонию 50 дирам,  4 тонна марҷумакро  ба маблағи 8 сомонию 50 дирамӣ ба фарӯш гузоштааст.

Инчунин 80 тонна ҷав ва 15 тонна сабусро барои хӯроки чорво бо нархи нисбат ба бозор арзонтар ба сокинони ноҳияҳои мазкур пешниҳод намудаанд.

Корхонаи истеҳсолии орд дар ноҳияи Рашт соли 2014 аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба танзим даровардани нархи орд дар бозорҳои минтақаи Рашт таъсис ёфтааст. Он имрӯзҳо барои ба танзим даровардани нархи маҳсулот дар мағозаю бозорҳои минтақа саҳми арзанда дорад.

Апрель 18, 2020 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд