Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Панҷакент бо ҷараёни корҳои омодагӣ ба 5500-солагии Саразми бостонӣ шинос гардид
ДУШАНБЕ, 29.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор бо ҷараёни корҳои омодагӣ ба ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ шинос гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зимни сафар аз оромгоҳи Абуабдулло Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд, осорхона ва мавзеи оромгоҳ, меҳмонхонаи нав дар даромадгоҳи шаҳри Панҷакент (дорои 40 кат), корҳои сохтмонии бинои нави иловагии беморхонаи марказии шаҳр, бинои нави иловагии таваллудхонаи марказии шаҳр, сохтмони бинои иловагии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, ҶСК «Маърифатпарвар», навсозии меҳмонхонаи «Интурист», меҳмонхонаи назди Раёсати омори шаҳр, ҷараёни корҳои сохтмонии бинои осорхонаи «Саразм», МТМУ №72-и шаҳраки Саразм, МТМУ дар маҳаллаи аҳолинишини навбунёди деҳаи Бостондеҳи Ҷамоати деҳоти Саразм боздид ба амал оварда шуд.
Ҳамзамон бо аҳолӣ оид ба пешгирии бемории COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.










Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид






