ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон борида, раъду барқ ба амал меояд

Апрель 7, 2020 08:04

ДУШАНБЕ, 07.04.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда ва қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи  бебориш дар назар дошта шудааст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 2+7 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо борон (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр барф) меборад. Шамол  аз самти  ғарб бо суръати 4-9 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад

Дар вилояти Хатлон   ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо дар ноҳияҳои алоҳида борон борида, раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр барф борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 8+13 ва рӯзона 17+22  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 ва  рӯзона 13+18 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо боридани борон  ва ба амал омадани  раъду барқ аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 10+12  ва  рӯзона 18+20 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 7, 2020 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид